https://sputnik.tj/20210519/muhriddin-lavrov-afv-muhojiron-tojik-1039552906.html
Муҳриддин ба Русия сипос гуфту аз Лавров афви муҳоҷирони тоҷикро дархост кард
Муҳриддин ба Русия сипос гуфту аз Лавров афви муҳоҷирони тоҷикро дархост кард
Sputnik Тоҷикистон
Илова бар ин, Мухриддин ба афзоиши шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надоранд, таъкид намуда, ин ҳолатро таассуфовар хонд.
2021-05-19T13:39+0500
2021-05-19T13:39+0500
2021-05-19T13:45+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
сергей лавров
афв
дар русия
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039545274_0:0:3095:1742_1920x0_80_0_0_491e423200cb361d892e442bff72ffc3.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки дар мулоқот бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров ба муҳокимаи масъалаҳои муҳоҷират диққати махсус дода шуд. Дар ҳамин ҳол, роҳбари Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бори дигар таваҷҷӯҳро ба вазъи ҳанӯз номуайяни ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ҷалб кард.Илова бар ин, Мухриддин ба афзоиши шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надоранд, таъкид намуда, ин ҳолатро таассуфовар хонд."Бисёре аз онҳо ба рӯйхати ба истилоҳ мамнӯъ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шомил карда шуданд. Мо аз ҷониби Русия хоҳиш кардем, ки дар ҳалли мусбати ин масъала мусоидат кунад" , - гуфт Муҳриддин. Вазири умури хориҷӣ тавзеҳ дод, ки бастаи санадҳои марбут ба муҳоҷират барои омадани Владимир Путин аз ҷониби Тоҷикистон омода мешавад. Хотиррасон мекунем, ки сафари президенти Русия Владимир Путин моҳи сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20210519/muloqot-lavrov-muhriddin-imzoi-barnomai-hamkori-aloqai-favri-1039544631.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039545274_77:0:2808:2048_1920x0_80_0_0_ca8a4ec8ee63a42a642ced832cb1617e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сироҷиддин муҳриддин, сергей лавров, муҳоҷират, афв
сироҷиддин муҳриддин, сергей лавров, муҳоҷират, афв
Муҳриддин ба Русия сипос гуфту аз Лавров афви муҳоҷирони тоҷикро дархост кард
13:39 19.05.2021 (Навсозишуда: 13:45 19.05.2021) Вазирони умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки дар мулоқот бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров ба муҳокимаи масъалаҳои муҳоҷират диққати махсус дода шуд.
"Мо ба ҷониби Русия барои имтиёзҳое, ки дар давраи пандемия барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик фароҳам оварда шудаанд, изҳори миннатдорӣ менамоем", - афзудааст вазири тоҷик.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бори дигар таваҷҷӯҳро ба вазъи ҳанӯз номуайяни ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ҷалб кард.
Илова бар ин, Мухриддин ба афзоиши шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надоранд, таъкид намуда, ин ҳолатро таассуфовар хонд.
"Бисёре аз онҳо ба рӯйхати ба истилоҳ мамнӯъ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шомил карда шуданд. Мо аз ҷониби Русия хоҳиш кардем, ки дар ҳалли мусбати ин масъала мусоидат кунад" , - гуфт Муҳриддин.
Вазири умури хориҷӣ тавзеҳ дод, ки бастаи санадҳои марбут ба муҳоҷират барои омадани Владимир Путин аз ҷониби Тоҷикистон омода мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки сафари президенти Русия Владимир Путин моҳи сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.