ДУШАНБЕ, 6 март - Sputnik. Дар пойтахти Сомалӣ - Могадишо таркиши мудҳиш ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора нашрияи Garowe Online хабар медиҳад.
Тибқи маълумот, таркиш дар назди тарабхонаи машҳур дар наздикии зиндони шаҳр рух додааст. Пас аз он, шоҳидон садои тирпаррониро шуниданд. Бомба дар мошине буд, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард ва дар назди як муассисаи хӯроки умум таркид.
Reuters бо такя ба шӯъбаи ёрии таъҷилии маҳаллӣ, дар бораи ҳалокати 20 нафар хабар медиҳад. Дар натиҷаи ин ҳодиса 30 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
"Дар ҳоли ҳозир, мо 20 кушта ва 30 маҷрӯҳро аз ҷои таркиш берун овардем", - гуфт сухангӯи хадамоти ёрии таъҷилӣ ба агентӣ.
Ба далели таркиш, кормандони полиси шаҳр тамоми роҳҳои сӯи ин маҳалро бастанд.
То ҳол ҳеҷ кадоме аз гурӯҳҳои дар ин кишвар фаъолиятдошта масъулияти ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст.
Пештар дар Могадишо ду нафар бар асари таркиши бомби канори роҳ кушта шуданд. Дастгоҳ дар минтақаи Ходан ҳангоми гузаштани кортеж, ки муовини фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Сомалӣ Аббос Амин буд, мунфаҷир шуд. Дар натиҷаи таркиш, ӯ осеб надид, аммо ду посбонаш кушта ва дигаре захмӣ шуд.
Масъулияти таркишро гурӯҳи радикалии "Ал-Шабоб" бар дӯш гирифт. Он бо созмони байналмилалии террористии "Ал-Қоида" - (мамнуъшуда дар Русия ва Тоҷикистон), ки дар иртибот дорад.