https://sputnik.tj/20210306/Tarkish-Somali-20-nafarro-kusht-1032956727.html
Таркиши мудҳиш дар Сомалӣ 20 нафарро кушт
Таркиши мудҳиш дар Сомалӣ 20 нафарро кушт
Sputnik Тоҷикистон
Дар Сомалӣ як таркиши шадид рух дод, ки 20 тан дар паи он қурбон шуда, 30 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд 06.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-06T10:05+0500
2021-03-06T10:05+0500
2021-03-06T09:46+0500
ҳамаи хабарҳо
дар ҷаҳон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сомалӣ
таркиш
куштӣ
кушт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102055/16/1020551666_0:0:1272:719_1920x0_80_0_0_23cfbfdcdb7d54d2faf732698ed2ae79.jpg
ДУШАНБЕ, 6 март - Sputnik. Дар пойтахти Сомалӣ - Могадишо таркиши мудҳиш ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора нашрияи Garowe Online хабар медиҳад.Тибқи маълумот, таркиш дар назди тарабхонаи машҳур дар наздикии зиндони шаҳр рух додааст. Пас аз он, шоҳидон садои тирпаррониро шуниданд. Бомба дар мошине буд, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард ва дар назди як муассисаи хӯроки умум таркид.Reuters бо такя ба шӯъбаи ёрии таъҷилии маҳаллӣ, дар бораи ҳалокати 20 нафар хабар медиҳад. Дар натиҷаи ин ҳодиса 30 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.Ба далели таркиш, кормандони полиси шаҳр тамоми роҳҳои сӯи ин маҳалро бастанд.То ҳол ҳеҷ кадоме аз гурӯҳҳои дар ин кишвар фаъолиятдошта масъулияти ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст.Пештар дар Могадишо ду нафар бар асари таркиши бомби канори роҳ кушта шуданд. Дастгоҳ дар минтақаи Ходан ҳангоми гузаштани кортеж, ки муовини фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Сомалӣ Аббос Амин буд, мунфаҷир шуд. Дар натиҷаи таркиш, ӯ осеб надид, аммо ду посбонаш кушта ва дигаре захмӣ шуд.Шоҳидон дар бораи таркиши маркази савдо дар Владикавказ нақл карданд – видеоМасъулияти таркишро гурӯҳи радикалии "Ал-Шабоб" бар дӯш гирифт. Он бо созмони байналмилалии террористии "Ал-Қоида" - (мамнуъшуда дар Русия ва Тоҷикистон), ки дар иртибот дорад.
https://sputnik.tj/20210111/Tarkish-dar-Kobul-boz-yak-maqomdori-afghan-terror-shud-1032599373.html
сомалӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Боевики взорвали машину и напали на ресторан в Сомали. Кадры с места ЧП
Sputnik Тоҷикистон
Не менее десяти человек погибли в результате теракта в сомалийской столице Могадишо. Боевики радикальной группировки "Аш-Шабаб" подорвали на улице заминированный автомобиль, а затем открыли стрельбу.
2021-03-06T10:05+0500
true
PT0M35S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102055/16/1020551666_0:0:1144:719_1920x0_80_0_0_70311084ea8a5b403fed84ac94620605.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, сомалӣ, таркиш, куштӣ, кушт
ҳамаи хабарҳо, дар ҷаҳон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, сомалӣ, таркиш, куштӣ, кушт
Таркиши мудҳиш дар Сомалӣ 20 нафарро кушт
Дар Сомалӣ як таркиши шадид рух дод, ки 20 тан дар паи он қурбон шуда, 30 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд
ДУШАНБЕ, 6 март - Sputnik. Дар пойтахти Сомалӣ - Могадишо таркиши мудҳиш ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора нашрияи Garowe Online хабар медиҳад.
Тибқи маълумот, таркиш дар назди тарабхонаи машҳур дар наздикии зиндони шаҳр рух додааст. Пас аз он, шоҳидон садои тирпаррониро шуниданд. Бомба дар мошине буд, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард ва дар назди як муассисаи хӯроки умум таркид.
Reuters бо такя ба шӯъбаи ёрии таъҷилии маҳаллӣ, дар бораи ҳалокати 20 нафар хабар медиҳад. Дар натиҷаи ин ҳодиса 30 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
"Дар ҳоли ҳозир, мо 20 кушта ва 30 маҷрӯҳро аз ҷои таркиш берун овардем", - гуфт сухангӯи хадамоти ёрии таъҷилӣ ба агентӣ.
Ба далели таркиш, кормандони полиси шаҳр тамоми роҳҳои сӯи ин маҳалро бастанд.
То ҳол ҳеҷ кадоме аз гурӯҳҳои дар ин кишвар фаъолиятдошта масъулияти ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст.
Пештар дар Могадишо ду нафар бар асари таркиши бомби канори роҳ кушта шуданд. Дастгоҳ дар минтақаи Ходан ҳангоми гузаштани кортеж, ки муовини фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Сомалӣ Аббос Амин буд, мунфаҷир шуд. Дар натиҷаи таркиш, ӯ осеб надид, аммо ду посбонаш кушта ва дигаре захмӣ шуд.
Масъулияти таркишро гурӯҳи радикалии "Ал-Шабоб" бар дӯш гирифт. Он бо созмони байналмилалии террористии "Ал-Қоида" - (мамнуъшуда дар Русия ва Тоҷикистон), ки дар иртибот дорад.