ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Кишвардори собиқи Қирғизистон имрӯз ба додгоҳ даъват шудааст, вале ӯ рӯзи гузашта ҳамроҳ бо ҳамсари худ озими Туркия шуд.
Додгоҳи шаҳри Бишкек хабар дод, Жээнбеков имрӯз ба ҳайси шоҳид бояд дар баррасии парвандаи собиқ муовини сарвазир, Дуйшенбек Зилалиев иштирок кунад.
Мурофиаи собиқ мансабдор, имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Первомайи Бишкек соати 13:00 таъйин шуда буд.
Қаблан ҳомии ҳуқуқи Зилалиев аз додгоҳ дархост карда буд, ки аснои баррасии парванда собиқ кишвардор низ даъват карда шавад.
Зеро замоне, ки Зилалиев боздошт шуд, ӯ иқрор намуд, ки наздики 1 миллион долларе, ки тобистони соли 2018 аз ячейкаи "Оптима Бонк" мусодира шудааст, аз соҳибкорон барои таблиғоти маъракаи пешазинтихоботии Жээнбеков ҷамъоварӣ шуд.
Он замон, пас аз боздошти собиқ муовини сарвазир, Жээнбековро мавриди бозпурсӣ қарор надоданд, зеро аллакай дар интихобот пирӯз шуд ва расман кишвардори Қирғизистон буд.
Дар ҳамин ҳол, вакили Сооронбой Жээнбеков, Ҷиргалбек Бобоев мегӯяд, ҳамаи иттиҳомот алайҳи собиқ кишвардор тӯҳмат мебошанд ва худи ӯ ба ҳамин қазия рабте надорад.
Ёдовар мешавем, 4 октябри соли 2020 дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд, ки бисёриҳо дар ҷумҳурӣ онро ғайримунсиф шумурданд.
Дар кишвар ошӯбҳо шурӯъ шуданд, ки дар ниҳоят боиси тағйири қудрат дар кишвар гардид.
Сооронбай Жээнбеков пас аз бетартибиҳо истеъфо дод ва дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Садир Ҷабборов пирӯз омад.