ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон, назири "Меваи Тиллоӣ" ва "Орои Исфара", "Комбинати хӯроквории шаҳри Бохтар" ва хоҷагии деҳқонии "Ансорӣ" дар намоишгоҳи "Gulfood 2020" иштирок намуданд, хабар медиҳад Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии "Gulfood 2020" дар Дубай иштирок доранд, асосан ба содироти меваҳои хушк ба кишварҳои хориҷи дуру наздик, хусусан Осиёи Шарқӣ, инчунин лимӯи баландсифати тоҷик бо навъи Мейер машғуланд.
Сафир хостори содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин шуд
Гуфта мешавад, ҳадафи иштироки соҳибкорони тоҷик дар намоишгоҳи "Gulfood 2020" шиносоӣ бо имконот ва талаботи бозорҳои минтақаи халиҷи Форс ва Шарқи Наздик, фарох гардонидани имкониятҳои содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷа ва баргузор намудани гуфтушунид бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ мебошад.
"Gulfood" бузургтарин ва бонуфузтарин намоишгоҳи тиҷоратии хӯрокворӣ ва нӯшокӣ дар ҷаҳон бо шумораи зиёди меҳмонон, иштирокдорон ва амалиёти тиҷоратӣ ба шумор меравад, ки дар он зиёда аз 5 ҳазор ширкатҳо аз 120 кишвар ва беш аз 97 ҳазор нафар меҳмонон аз 185 давлат иштирок мекунанд.
Зикр мегардад, ки 25-умин Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ, таҷҳизот барои меҳмонхонаву тарабхона ва таббохии кишварҳои Халиҷи Форс "Gulfood 2020", ки 16 феврал дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ифтитоҳ гардид, 20 феврал ба анҷом мерасад.