ДУШАНБЕ, 5 февр — Sputnik. Тоҷикистон дар қатори бештар аз 120 кишвари ҷаҳон дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷорати варзишӣ - Internationale Fachmesse für Sportartikel und Sportmode (ISPO), ки аз 26-ум тo 29-уми январи соли 2020 дар шаҳри Мюнхени Олмон баргузор мегардад, иштирок мекунад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маркази тиҷорати байналмилалӣ.
Бино бар иттилои манбаъ, дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 2800 ширкат маҳсулоти тозатарини худро ба тақрибан 85 ҳазор тамошобин ба маъраз мегузоранд.
Манбаъ қайд намудааст, ки панҷ корхонаи истеҳсолкунандаи либоси варзишии Тоҷикистон – “Ваҳдат”, “Гулистони Душанбе”, “Лидер”, “Раҳимов A.A.”, ва “Сапсан” дар ин намоишгоҳ бо навтарин ва замонавитарин таҷҳизот, кафш ва либоси варзишии истеҳсоли брендҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва бо тамоюлоти пешқадамтарини соҳаи варзиш ва тандурустию фитнес дар дунё ошноӣ пайдо мекунанд.
ISPO Munich намоишгоҳи тиҷоратии B2B (тамоси мустақими бизнес бо бизнес) буда, дар миёни коршиносони тиҷорати варзишӣ ҳамчун муҳимтарин чорабинии соҳа шинохта шудааст.
“Феълан, бархе аз истеҳсолгарони либосҳои варзишии Тоҷикистон бо брендҳои маъруфи олами варзиш, ба монанди Lotto, Umbro ва чаканафурӯшҳо, ба монанди Decathlon тавассути миёнаравҳо кор мекунанд. Дар қадами баъдӣ, ширкатҳои тоҷик мехоҳанд, мустақиман бо брендҳои варзишӣ тамос кунанд ва доираи муштариёнашонро фарохтар созанд. Иштирок дар намоишгоҳи ISPO барои роҳандозии равобити мустақим бо брендҳои ҷаҳони варзиш имконияти хуберо фароҳам меорад”, - таъкид доштааст Маркази тиҷорати байналмилалӣ.
Ин дар ҳолес, ки Русия бозори аслии содироти маҳсулоти варзишии Тоҷикистон боқӣ мемонад, Маркази тиҷорати байналмилалӣ ба корхонаҳои Тоҷикистон дар гуногунсозии бозори содирот, беҳтар кардани сифати маҳсулот, мувофиқат ба талаботи бозорҳо ва муштариёни беруна, афзоиши ҳаҷми содирот ва дар натиҷа ташкили ҷойҳои бештари корӣ дар дохили кишвар мусодат менамояд.
Содироти либоси варзишӣ аз Тоҷикистон нисбат ба воридоти он як баробар бештар аст. Тибқи омори расмӣ, дар соли 2017 ба кишвар тақрибан ба маблағи 800 ҳазор доллар маҳсулоти варзишӣ ворид шудааст.
Ёдрас мешавем, ки истеҳсолкунандагони либоси варзишӣ бошанд, аз Тоҷикистон дар соли равон баробар ба маблағи якуним миллион доллар маҳсулоти варзишӣ содир кардаанд.
Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои Тоҷикистон ба онҳо имкон медиҳад, то ҳам бозори дохилиро бо либоси варзишӣ таъмин намоянд ва ҳам ҳузури худашонро дар бозорҳои минтақавӣ тақвият бахшанд.
Мувофиқи тадқиқоти “Вазъи бозори либоси Тоҷикистон”, ки бо мусоидати МТБ таҳия гардид ва 31-уми июли соли 2019 нашр шуд, ҳаҷми умумии бозори либоси варзишӣ дар соли 2017 дар Тоҷикистон ба 15.6 миллион доллар баробар буд ва дар маҷмӯъ, ки либоси варзишӣ 6.5 дарсади бозори либосро ташкил медод. Либосҳои тамринӣ, шалворҳо ва футболкаҳо тақрибан 90 дарсади бозори либоси варзишии кишварро ташкил додаанд.