“Духтарҳоро ҳам барем ба аскарӣ?” Баҳси “облава” бо раиси Кумитаи ҷавонон

Баҳси ҷалби иҷбории ҷавонон ба хизмати аскарӣ, ки дар миёни мардум дар вожаи нохушоянди “облава” ё “сарбозшикор” хулоса мешавад, имрӯз, 10 феврал, дар нишасти хабарии Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ширкати раиси нав Абдулло Раҳмонзода низ ба миён омад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар оғоз суол аз ин буд, ки чаро як ҷавон, шаҳрванди комилҳуқуқи як ҷомеаи пойбанд ба арзишҳои демократӣ маҳз ба ин шева ҷалби хизмати аскарӣ мешавад ва наметавонад аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунад?

"Облава"-ро аз байн мебарем: дар Тоҷикистон мӯҳлати хизмати артишро 1,5 сол карданианд

Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш гуфт, тибқи Конститутсияи Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ уҳдадории ҳар як шаҳрванд аст ва давлат барои таъмини ин меъёр ҳақ дорад аз ҳама гуна механизмҳо, аз ҷумла роҳи иҷборӣ истифода кунад.

"Вақте супоридани андоз вазифаи ҳар кас аст ва андоз ихтиёрӣ супорида намешавад, давлат ҳатман механизми маҷбуриро истифода мекунад. Як кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ҳам бошад, ба хотири таъмини меъёри Конститутсия, ки ба амнияти давлат, миллат ва ҷомеа рабт дорад, бояд иқдом кунад", - гуфт Абдулло Раҳмонзода.

Ин замон суоли дигаре ба сӯи ӯ партоб шуд, ки оё имкон надорад, ки ҳамин маҷбуран ба артиш бурдан аз роҳи қонун сурат гираду кор ба як падидаи номатлубе монанд ба “одамрабоӣ” накашад?

“Шояд пас аз 5 сол мафкураи мардуми мо ба ин дараҷа расад, ки ба худ гӯем, чун Конститутсия фармудааст, ман бояд онро бечунучаро иҷро кунам. Фармудаи қонун ин аст, ки вақте даъватнома омад, ҳар кас ҳатман бояд роҳи хизматро пеш гирад. Ман намедонам, ки аз ин қонунитар боз чӣ қонун бошад, ки мо онро пешниҳод кунем”, – гуфт раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш.

“Садои мардум”: чӣ тавр мешавад бар “дедовшина” ва “облава” хотима дод?

Суҳбати ӯ ба анҷом нарасида, луқмаи дигаре аз толор партофта шуд, ки дар ҳамон ҳол, шояд беҳтар аз ин намешуд суолро матраҳ кард: Шояд манзури ҳамкасбон он афродеанд, ки маъюбу ғайри қобили хизмат ҳастанду бо зӯрӣ бурда мешаванд.

Раиси Кумита лаб во накарда, ҳамон соҳиби суоли аввал исрор кард, ки на, маҳз ҷавонони сиҳатмандро дар назар дорад, чун мешавад на бо зӯрӣ, балки тариқи суд, ҷарима ё роҳҳои дигар онҳоро ба хизмат ҷалб намуд. Ин лаҳза каси дигаре ҳам луқма партофт, ки шояд ҳамон “облава” аз суду ҷарима роҳи беҳтар бошад.

Ба ин далел низ наметавон чашм пӯшид, зеро тибқи моддаи 344 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, саркашӣ аз даъвати сафарбарӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз ду то панҷ соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Русия ва донишгоҳ - роҳҳои гурез аз хизмати ҳарбӣ

Ҳамин мавқеъ буд, ки Маҳдӣ Собиров, полковники мустафъӣ, рӯзноманигори мустақил ва коршиноси масоили амниятӣ вориди баҳс шуд. Вай гуфт, дар кишварҳои демократӣ, назири Амрико, Олмон ва дигар ҷоҳо қонуни даъват ва ҳатто “военкомат” вуҷуд надорад.  Ба қавли ӯ, як ғурфа ҳаст, кас меравад, шартнома мебандад ва ба хизмати артиш меравад.

Барканории 6 комиссари ҳарбии Суғду Хатлону ВМКБ: "облава амали номатлуб"

“Қонуни даъват хоси ҷомиаи Шӯравӣ аст. Азбаски воситаҳои истеҳсолот умумимиллӣ буданд, ҳама яксон муваззаф буданд, ки хизмати артиш раванд. Ҳоло ҳама шахсӣ шудааст ва артиш ҳам бояд ба шеваи нав кор кунад”, - гуфт Собиров.  

Полковники мустафъӣ чун дид, ҳама гӯш ба ӯ додаанду ӯро бо шавқ мешунаванд, дуртару фаротар рафт.

"Беш аз 500 ҳазор ҷавони мо дар Русия кор мекунанд. Баъзеро мепурсам, ки чаро намеоӣ, мегӯяд, ки то 28 - сола нашавам, намеоям (синни даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон то 28 – солагӣ аст). Аз артиш мегурезад. Бинед, ки мераванд ба кадом як созмони ифротӣ мепайванданд, аммо аз хизмати Ватану Модар фирор мекунанд! Набояд чунин бошад", - гуфт Маҳдӣ Собиров.

Раиси Кумита: хизмати созмони ифротиро мепазиранду аз хизмати Ватан мегурезанд

Ин ҷо сӯҳбати ӯро Абдуллоҳ Раҳмонзода қатъ кард ва гуфт, мо худ чунин фазоеро ба вуҷуд овардем, ки ҷавони мо хизмати як созмони ифротиро мепазирад, аммо аз хизмати ватан мегурезад.   Ҷомиаи шаҳрвандӣ ҳамин гуна мафкураро ба вуҷуд овард, - гуфт ӯ.

Гулистон ва Мастчоҳ нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳро иҷро карданд

Полковники мустафъӣ Маҳди Собиров боз ҷилави суханро ба даст гирифт ва гуфт, ин вазифаи Кумитаи ҷавонон аст, ки бо чунин чолишҳо мубориза барад.

“Ҷавонони мо дар Русия мемонанд, ин ҷо духтарони мо бешавҳар мешаванд. Ҷавонони бесаводро ба мактаби олӣ дохил мекунанд, ки артиш нараванд. Ман 25 сол афсари артиш будам, дидаам, ки аксарияти кулли сарбозон фарзандони коргару деҳқонанд. Чаро фарзандони тоҷирону мансабдорон артиш намераванд? Адолати иҷтимоиро бояд таъмин кард, ки пеши қонун ҳама баробар бошанд”, - таъкид намуд полковники мустаъфӣ.

Дуруст, дуруст, - таъйид кард раиси Кумита. Аммо коршиноси умури амниятӣ ба ҳарфҳои худ идома дод.

"Агар адолат бошад, мо дар ҳоле ки як миллион ҷавони шоистаи хизмат дорем, ду моҳ барои ҷалби 10 ҳазор сарбоз саргардон мешавем. Ҳам вазир саргардон асту ҳам корманди комиссариату милисаву ҷамоат. Вазорати дифоъ 10 сол аст, ки пешниҳод мекунад, то мӯҳлати хизмати ҳарбӣ коҳиш дода шавад, аммо Маҷлиси намояндагону дигар ниҳодҳо ҳеҷ ба истиқболаш намераванд", - илова намуд Маҳдӣ Собиров.

Донишгоҳ агар 4 дар кушояд, хизмати ҳарбӣ камаш 5 дар мекушояд

Маҳдӣ Собиров шояд дарёфт, ки дар нишасти матбуотӣ аст ва дигарон ҳам мехоҳанд суолҳои худро матраҳ кунанд, ба суханронии худ хотима бахшид ва Абдулло Раҳмонзода ба тафсир пардохт. Вай гуфт, ҳалли ин масоил дар салоҳияти Кумитаи ҷавонон нест, зеро кори ин ниҳод кори идеологӣ аст.

“Занги тағо”, “облава” ва нахустин гузоришҳо аз иҷрои нақша: рӯзи 1-и даъвати наваскарон

“Ман ба кормандони кумита гуфтам, мо бояд ба ҷавон хизмати ҳарбиро ҳамчун алтернатива ба донишгоҳ пешниҳод кунем. Ӯ бояд фаҳмад, ки вақте синфи 11 – ро хатм мекунад, ду роҳ дорад: ё тариқи Маркази миллии тестӣ вориди донишгоҳ шавад, ё хизмати ҳарбӣ равад. Мо ба онҳо бояд фаҳмонем, ки агар донишгоҳ барои ту чор дарро кушояд, хизмати ҳарбӣ ҳадди ақал панҷ дарро мекушояд. Ҳуҷҷати ҳарбӣ барои ту имкон медиҳад, ки софу содда тавонӣ дар баъзе сохторҳои қудративу низомӣ соҳиби ҷои кор шавӣ. Он дипломи донишгоҳро барои ту иваз мекунад. Бар замми ин, дар хизмати ҳарбӣ кас чӣ будани ифтихори миллӣ, чӣ будани Ватан - Модарро меомӯзонад. Ба қадри падар, модар, зан, фарзанд ва зиндагӣ расиданро меомӯзад. Агар ба муҳоҷират ҳам равад, ҳушёрии сиёсиро аз артиш омӯхтааст, ки аз афтодани ӯ ба доми гурӯҳҳои табаҳкор ҷилавгирӣ мекунад ва ифротӣ намешавад. Кори мо ҳамин аст – фаҳмонида додан. Вазорати соҳавӣ ҳар тасмимеро, ки гирад, мо онро дастгирӣ мекунем”, - гуфт раиси Кумита.

Духтаронро баранд, бачаҳо бе “облава” мераванд

Ба назар мерасид, ки баҳси хизмати аскариву “облава”, ба истилоҳ, пир шуд, аммо рӯзноманигори дигар вориди баҳс мешавад.

Бародарамро дар хизмат азоб доданд: Чаро Хуҷанду Ғафуров нақшаи даъватро иҷро накарданд

“Масъалаи хеле муҳиме баррасӣ мешавад. Ин ҷо иддае аз хонумҳои хабарнигор ҳам дуруст фармуданд, ки ҷавонон маҷбурӣ ва бо роҳи “облава” ба хизмат ҷалб нашаванд. Фикри хуб аст. Аммо мо, ки ин тараф нишастаем, як пешниҳод дорем. Мегӯянд, Кумитаи ҷавонон як ниҳоди бонуфуз аст ва метавонад ҳамин пешниҳодро дар сатҳи ҳукумат матраҳу амалӣ кунад. Чӣ мешавад, ки агар мехоҳем “облава” нашаваду ҷавононро маҷбуран набаранд, биёед, духтарҳоро ҳам барем ба хизмати аскарӣ?!”, - изҳор дошт рӯзноманигор Хуршеди Ховар дар хитоб ба раиси Кумита.

Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ки худ ҳуқуқшинос аст, шояд хуб донад, ки тибқи Қонуни ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ, занони аз 18 то 50 – сола низ метавонанд ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шаванд. Абдуллоҳ Раҳмонзода гуфт, тибқи меъёри Конститутсияи Тоҷикистон, хизмати ҳарбӣ вазифаи ҳар шахс аст ва гуфта нашудааст, ки ҳар мард аст.

“Агар инро ба асос гирем, чунин ҳам ҳаст. Аммо бубинед. Дар бархе кишварҳо духтарон ҳатто то шаш сол хизмат мекунанд. Ҳоло номи он кишварро намегирам, зеро он барои мо ҳеҷ гоҳ намуна набуд ва буда ҳам наметавонад. Мо ҳеҷ гоҳ ин корро намекунем”, - афзуд вай.

Гурез аз артиш – айби шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе расонаҳо

Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш гуфт, нерӯи марди Тоҷикистон барои дифоъ аз кишвар кифоят мекунад, аммо роҳи ҳалли ин ки як ҷавон на бо “облава” ё зӯрӣ, балки худ ба хизмати ҳарбӣ равад, дигар аст.

Ҷустуҷӯи байналмилалии сарбозони тоҷик

“Мо дар ин масъала болои мафкураи ҷавон бениҳоят тохтутоз мекунем. Давлат тарғиб мекунад, хафа нашавед, лекин шабакаҳои иҷтимоӣ, бархе расонаҳо дар як шакле мавзӯъро нишон медиҳанд, ки ҳамин ҷавон бояд аслан хизмат наравад.  Гӯё ки артиш ҷои фарзанди камбағал аст, латукӯб асту куштор, бовар кунед, ин тохтутоз болои мафкураи як ҷавон аст. Чандин мақомоти давлатӣ имрӯз мераванд ва қисмҳои низомиро тафтиш мекунанд, ки сарбоз чӣ тур мехобаду мехӯраду хизмат мекунад. Ҳатто дар дастшӯиҳову ҷойҳои дигар видеокамера насб карданд, ки тартиботро назорат кунанд”, - гуфт раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш.

Раиси Кумитаи ҷавонон: бародарам айни замон хизмат мекунад

Абдуллоҳ Раҳмонзода ҳамчунин ин иддаоро, ки фақат фарзандони камбағалҳо хизмат мекунанду фарзандони мансабдорону сарватмандон на, ботил шумурд.

“Бародари худам айни замон хизмат мекунад. Се-чор моҳ мегузарад, аммо боре шикоят накардааст. Се вақт ба серӣ хӯрок мехӯраду шароитҳои дигар. Агар касе хоҳад, ман ҷои хизматашро мегӯям, равад, ҳамсӯҳбат шавад. Аммо набояд мавзӯъро ба бою камбағал бурд. Ин як тафриқаангезии хатарнок аст. Шояд огоҳона ба ин таблиғ даст мезананд? Намефаҳмам”, - гуфт раиси Кумита.

Раҳмонзода изҳори боварӣ намуд, ки агар ҳамаи мо як мавқеи умумимиллӣ дошта бошему инро расонда тавонем, ки ҷавон барои ҳифзи сулҳу субот, тартиботи ҷамъиятӣ, якпорчагӣ ва истиқлолияти давлатӣ ба хизмат меравад, ӯ моро, мардуми худро, хонаводаи худро ҳимоят мекунад, вазъ тағйир мехӯрад.