“Занги тағо”, “облава” ва нахустин гузоришҳо аз иҷрои нақша: рӯзи 1-и даъвати наваскарон

© Сайт мэрии ДушанбеТоржественные проводы призывников в армию
Торжественные проводы призывников в армию - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдории Исфара аз иҷрои нақшаи ҷалби наваскарон дар рӯзи аввали мавсими тирамоҳии даъват ба хидмати ҳарбӣ хабар дода, онро ба “принсипнокӣ”-и Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри мазкур рабт додааст

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Иқбол Илёсзода, сухангӯи шаҳрдории Исфара хабар дод, ки бори авввал, дар таърихи 28 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳри Исфара, дар рӯзи аввали сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ меъёр ё худ нақшаи муқарраргаштаи даъватӣ таъмин гардид ва беш аз 260 нафар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд.

“Ҳарчанд 1001 зангҳои телефонӣ ва зиёда аз ин миёнаравҳо – “хоҳиши хоссаи тағоҳо” буданд, ки зораву илтимосу хоҳишҳояшон аз ҷониби шаҳрдори Исфара қатъи назар карда шуд ва беэътибор монданд”, - навиштааст Илёсзода дар саҳифаи фейсбукияш.

Ин дар ҳолест, ки ахиран расонаҳо дар Тоҷикистон аз қонуншиканӣ зимни ҷалби наваскарон дар мавсими нав гузориш доданд. Аз ҷумла бархе аз ҷавонони шаҳри Исфара гуфтаанд, ба волидон фишор овардаанд, то фарзандонашонро аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргардонанду ба хидмати ҳарбӣ равон кунанд.

Мақомот нақзи қонунро рад карда, таъкид мекунанд, ки танҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ барои зарурати анҷоми хидмати ҳарбиро амалӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол дар рӯзи аввали даъвати наваскарон ба хидмати ҳарбӣ ҷавонон дар Тоҷикистон ҷавонон дар Душанбе аз рух додани ҳолатҳои “облава” гузориш доданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармони ҷалби наваскарон ба хидмати ҳарбиро тайи моҳҳои октябр-ноябри соли 2019 имзо кард. Раисиҷумҳур қаблан таъкид карда буд, масъулин аз шеваҳои ғайриқонунии ҷалби наваскарон кор набаранд.

Лентаи хабарҳо
0