Барканории 6 комиссари ҳарбии Суғду Хатлону ВМКБ: "облава амали номатлуб"

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские милиционеры, архивное фото
Таджикские милиционеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нисбати 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ ҷазоҳои интизоми ҳарбӣ то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда татбиқ карда шуд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон зери роҳбарии муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим ҷаласаи ҷамъбастии даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019 баргузор гардидааст.

РВУД Душанбе мегӯяд, ҳолати сабтшуда дар навор на облава, балки боздошти муттаҳамон дар майдаавбошӣ буд - Sputnik Тоҷикистон
“Садои мардум”: чӣ тавр мешавад бар “дедовшина” ва “облава” хотима дод?

Азим Иброҳим зикр намудааст, ки  бо вуҷуди  пеш аз муҳлат иҷро гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, усул, тарз ва сифати корҳои анҷомдода дар ин самт ба талабот ҷавобгӯ набуд.

"Тавассути дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони мамлакат, бо падару модарони шаҳрвандони синашон ба хизмат  расида, даъватшавандагон  бояд бо хоҳиши худ барои иҷро намудани қарзи фарзандӣ  дар назди Модар-Ватан ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоянд", — илова намуд муовини сарвазир.

Бо дарназардошти таҳлилҳои гузаронида, Азим Иброҳим натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳоро дар даъвати тирамоҳии соли 2019 нокифоя баҳодиҳӣ намудааст.

Вобаста ба ин, барои 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ ҷазоҳои интизоми ҳарбӣ то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда татбиқ карда шуд.

"Аз ҷумла, 6 комиссари ҳарбии вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шоҳмансур ва ноҳияи Шуғнон бинобар ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти хизматиашон ва сабабҳои дигар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд".

Инчунин нисбат ба комиссарони ҳарбии шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардорони шуъбаҳои даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Кӯшониён, Ваҳдат, Ҳисор ва Рӯдакӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуд.

Ҳамчунин супориш дода шудааст, ки бинобар сабаби роҳ додан ба баъзе  камбудиҳо дар рафти маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ нисбат ба комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷайҳун, А. Ҷомӣ, Қубодиён, Кӯлоб, Ҳисор, Варзоб, Истаравшан, Турсунзода, Ҷ. Балхӣ, Вахш, Нуробод, Сино, Фирдавсӣ ва И.Сомонӣ  тадбирҳои  зарурии дахлдор андешида шавад.

Военнослужащие запаса заправляют свои кровати в казарме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Облава давом дорад: Вазорати дифоъ гуфт маъракаи даъват ҳамагӣ 65 дарсад иҷро шудааст

Муовини Сарвазири Тоҷикистон изҳори нигаронӣ  намудааст, ки дар ин раванд хунукназарӣ аз ҷониби бархе аз масъулин дида мешавад.

"Ин камбудиҳо дар ҳоле  ба вуҷуд меоянд, ки хароҷоти вобаста ба даъвати тирамоҳии наваскарон аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ва пурра пардохт мегардад", - гуфтааст ӯ.

Азим Иброҳим аз фаъолияти комиссияҳои тиббӣ низ эродҳои ҷиддӣ гирифта, бо тарзи иҳотагирӣ (облава) ҷалб намудани ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун як амалӣ номатлуб  номид.

Дар ҷаласа  гуфта шуд, ки мояи ифтихор аст, ки қишре аз ҷавонони бо нангу номус, барои адои хизмат ба комиссариатҳои ҳарбӣ худашон муроҷиат мекунанд.

Аз ҷониби Вазорати мудофиа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумӣ ва хизмати ҳарбӣ»  бо таҳрири нав таҳия гардида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба вазорату идораҳои дахлдор  ирсол карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0