Таҷлили Рӯзи милиса дар Душанбе бо иштироки Раҳимзода, Шоҳиён, Раҳмон ва Ватанзода

Маҳмадалӣ Ватанзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон паёми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба кормандони милиса ба муносибати иди касбияшон ироа кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи милиса, ки ҳамасола 10 ноябр таҷлил мегардад, дар шаҳри Душанбе бо иштироки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олӣ, Юсуф Раҳмон, додситони кул, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Маҳмадалӣ Ватанзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон чорабинии идона баргузор шуд.

Милисаҳои тоҷик “Дузди боинсоф”-ро тамошо карданд

Генерал-полковник  Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни чорабинӣ арзу сипоси ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро ба Эмомалӣ Раҳмон ироа намудаст.

“Мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо итминони том гуфта метавонем, ки баҳри ҳифзи оромиву осоиштагӣ, амнияту болидахотирии мардуми кишвар, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун донишу малакаи касбии худро амалӣ намуда, вазифаҳои дар наздамон гузошташударо сарбаландона иҷро менамоем”, - изҳор доштаст Раҳимзода.  

Дар идомаи ин чорабинӣ ҳамчунин барномаи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандону сарояндагони ансамбли созӣ-овозии “Сипар” ва дигар ҳунармандони шинохтаи кишвар суруду таронаҳои худро бо унвонҳои “Дидбони кишварем”, “Санами хонагӣ”, “Нозанин”, “Сайри лола”, “Бурду бохт”, "Ватан" ва дигар суруду таронаҳои дилнишин пешкаши ҳозирин намуданд.