Аз таҷҳизот то автобусу КамАЗ: тоҷикистониҳо сифати маҳсулоти Русияро интихоб мекунанд

Суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодие, ки дар Тоҷикистон ба даст омадааст, густариши равобити ширкатҳои Русия бо масрафкунандагони Тоҷикистониро дар пай овардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли авон гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар наздик ба 500 миллион доллар расида буд. Соҳибкорони Русия содироти маҳсулот аз ин кишвар ба Тоҷикистонро ояндадор арзёбӣ мекунанд.

Тоҷикистон баъд аз буҳрони иқтисодӣ дар ҳоли рушд қарор гирифта, дар тиҷорати байналмилалӣ фаъолтар гаштааст. Яке аз самтҳои иқтисоди Тоҷикистон, ки ҳоло дар он рушд мушоҳида мешавад, бахши нақлиёт аст.

Дурнамои рушди содироти маҳсулоти ғайри маводи сӯхт аз Русия ба Тоҷикистон

Русия –шарики муҳим барои ворид намудани технологияи нав

Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мегуяд мо дар ҳамкори бо Русия мушкил надорем ва равобити мо рӯз то рӯз сабуки пайдо мекунад. Мо аз Русия дастгоҳ ва қисмҳои эхтиётӣ дастрас мекунем.

Умуман ба гуфтаи Анвар Латифов, як мутахассиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, корхона Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҳамлу нақл ва мусофиркашонӣ бо роҳи оҳани Русия фаъолияти ногусастани дорад ва рушди фаъолияти роҳи оҳан ва  ворид кардани фановариҳои нав дар ин соҳаро бидуни ҳамкорӣ бо Русия тасвур кардан ғайри имкон аст.

Раёсати идораи наклиёти рӯизминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ ба ояндаи ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон хушбин ҳаст. Ба гуфтаи Фирдавс Раҳимов, мутахассиси идораи наклиёти рӯизминии Вазорати нақлиёт,  ҳачми ҳамлу нақли коло миёни Русия ва Тоҷикистон сол то сол ру ба афзоиш аст.

Вай афзуд, дигар аломати рушди ҳамкорӣ бо Русия дар он аст, ки раванди ҳамлу нақл миёни Русия ва Тоҷикистон бидуни рухсатнома сурат мегирад, ки дар раванди ҳамлу нақл бо дигар кишваҳо вуҷуд дорад.

Яхмоси русиягӣ дар Тоҷикистон низ маҳбуб аст мисле, ки дар Чин

ЛиАЗ, ЗИЛ, КамАЗ –дар Тоҷикистон чӣ кор мекунанд

Тоҷикистон дар навсозии порки автомобили мусофиркашонии дохили низ бо Русия ҳамкорӣ дорад.

Барои мисол Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо БАТР  барои сокинони Хуҷанҷ аз Русия 100 адад автобуси тамғаи ЛИАЗ –и сохти ин кишвар харидааст. Гузашта аз ин бархе аз корхонаҳои вилояти Суғди Тоҷикистон бо корхонаҳои мошинсозии Русия аз кабили ЗИЛ ҳамкории муштарак ба роҳ монда, бархе аз тамғаи мошин дар корхонаҳои вилояти Суғд тавлид мешавад.

Ширкатҳои хусусии Тоҷикистон бо ширкатҳои бузурги Русия монанди КАМАЗ, корхонаи мошинсозии ба номи Лихачов, корхонаи мошинсозии Урал ва ғайра ҳамкорӣ доранд. Таҷхизоту кисмхои эхтиётӣ навъхои мухталифи аккумуляторҳо, чарх, резина, равган ва гайра ворид мекунанд. Дар як соли ахир теъдоди хатсайрхои мусофиркашонӣ миёни Русия ва Тоҷикистон афзииш ёфт.

Мардуми Тоҷикистон натанҳо бо ҳавопаймову қатор, балки бо атобус ҳам вориди Русия мешаванд

Дар чанд соли ахир миёни Русияву Тоҷикистон ҳамлу нақли мусофирон тариқи автобусҳо афзоиш ёфтааст.

Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия 12 дарсад афзоиш ёфтааст

Ҳоло мусофирон аз Душанбе ва Хучанд ба шаҳрҳои Екатеринбург, Маскав Новосибирск, Самара сафар мекунанд. Дар тули хатсайр шароит барои мусофирон муҳайё шудааст. Дар оянда фаъол кардани хатсайрхои ҷадид дар назар аст.

Баъзе аз коршиносон дар равнақи ҳамкории ду кишвар дар оянда хушбин ҳастанд.

Симои нави Душанбе ва электроавтобусҳои Русия

Ин дар ҳолест, ки шаҳри Душанбе дар ин авохир симои тоза касб мекунад ва ба навъхои ҷадиди наклиёти шаҳрӣ ниёз дорад.

Душанбе ягона пойтахти пасошуравист, ки хатти трамвай надорад ва сохтмони хатти метро дар ин шаҳр дар даҳсолаҳои наздик дар назар нест ва мушкили сокинони ин шаҳрро шояд танҳо хариди автобусу тролйбус ва электроавтобусҳои чадиди сохти Русия аз байн бубарад.

Мағозаҳои “Магнит”-и Русия бо меваҳои Суғд таъмин мешаванд

“Мушкилоти нақлиёти мусофиркаш бо хариди троллейбус ва электроавтобусҳои нав аз Русия метавонад бартараф шавад. Ба назари ман ин иқдом метавонад ин мушкилотро комилан аз байн бубарад”, - гуфт як мутахассиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷумҳурӣ.

Чанд соли пеш ба ҳамин мақсад дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Русия корхонаи тавлиди тролйбус ташкил шуд вале то баҳол аз хатти тавлиди ин корхона тролйбусе берун наомадааст.

Ва агар ин корхона дар оянда низ фаъол нашавад, Тоҷикистон метавонад ин анвои наклиёти мусофирбарро аз Русия ворид кунад.

КамАЗ ва Уралҳо дар роҳҳои Тоҷикистон

Чанд соли пеш ширкати КАМАЗ-и Русия дар ҳудуди 30 миллион доллар ба Тоҷикистон таҷхизоти мошин ворид карда буд, ки ҳудуди 60 фоизи бозор дар ин бахшро ташкил медод. Аммо ин арқом дар солҳои ахир ба маротиб коҳиш ёфтааст, чунки ҳоло соҳибкорони тоҷик кушиш менамоянд таҷҳизот барои мошинҳоро бо нархи дастрас аз Чин ворид намоянд. Аммо аксари ронандаҳои бо таҷриба дар бозорҳои кишвар дар ҷустуҷӯи таҷҳизоти русӣ ҳастанд. Чун кайфияти ин таҷҳизоти Русия нисбат ба Чин ба маротиб болотар аст.

Коршинос: маркази тавзеъи маҳсулот гардиши савдо миёни Тоҷикистону Русияро беҳтар мекунад

Ширкати КАМАЗ ва Урали Русия барои Вазорати дифоъ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамчунин ширкатҳои хориҷӣ, ки дар ин ҷумҳурӣ ба кашфу истихроҷи захираҳои табии машғуланд низ мошинолот ворид мекунад.

Бино ба омори мавҷуда дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди панҷ ҳазор мошини КАМАЗ ҳазорҳо мошини сабукрави тамғаи ВАЗ мошинҳои сабукрави ГАЗ ҳамчунин мошинҳои боркаши ЗИЛ ва ғайра фаъол ҳаст, ки қисмҳои эҳтиётӣ барои ин мошинҳо аз Русия ворид мешавад.

Матлаб дар заминаи шарикии тиҷорӣ таҳия шудааст.