Як қаҳрамон дар се кишвар: саргузашти Абулқосим Лоҳутӣ – навор

Шоири машҳур ва сулҳпарварӣ тоҷик Мирзо Турсунзода боре чунин ишора карда будааст: “Дар адабиёти тоҷик ду арбоби шоиста аст. Дар наср устод Садриддин Айнӣ ва дар назм Абулқосим Лохутӣ"
Sputnik

Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ 4 декабри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон, дар оилаи косиб таваллуд шудааст ва дар қатори устод Айнӣ яке аз саромадони адабиёти навини тоҷик ба шумор меравад.

Саводи ибтидоиро дар мактаби деҳаи Барзадимоғ ва баъдтар дар назди падараш баровард, вале давом додани таҳсил ба вай муясар нашуд. Сахтии рӯзгор ва вазнинии маишати аҳли оила Лоҳутиро маҷбур сохт, ки аз хурдсолӣ меҳнат кунад: зери роҳбарии падараш чанде дар дӯконҳои дӯзандагӣ кор карда, ба ҳаёти пурмашаққату меҳнати тоқатшикани косибони он даврон аз наздик ошно шуд.

Хуллас, душвории зиндагӣ Лоҳутиро водор намудааст, ки аз овони кӯдакӣ худро дар оғӯши меҳнат бинад. Аввалҳо ба касбу кори падараш ёрӣ дода, баъдтар дар дӯконҳои оҳангарӣ ва челонгарӣ шогирдӣ кардааст. Дар ҳамон айём тавассути қиссахонҳое, ки дар растаю бозорҳо “Шоҳнома”-хонӣ мекарданд. Падараш, ки табъи баланди шоирӣ дошта, бо тахаллуси “Илҳомӣ” шӯҳрат ёфта будааст, гоҳо шеърҳои сӯфиёнаи худу гоҳи дигар ғазалҳои Саъдию Ҳофизро барояш мехондааст.

Як қаҳрамон дар се кишвар: саргузашти Абулқосим Лоҳутӣ – навор

Мактабхонии Ӯ дер давом накард, ҷунбишу ошӯбҳое, ки бо таъсири инқилоби якуми рус ба вуқӯъ пайвастанд, ӯро ҷониби худ кашидаанд ва чун сарбози инқилоб силоҳ ба даст гирифта, дар муборизаҳои озодихоҳии миллӣ ва зиддиистибдодии ҳамватанони худ иштирок намудааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Гелони Эрон ба шӯриши мусаллаҳонаи зидди подшоҳ ҳамроҳ шуда, дар роҳи ғалабаи он фидокорона хизмат кардааст ва ба гирифтани нишони Сатторхон, ки яке аз роҳбарони ҳаракати озодихоҳии миллии Эрон буд, мушарраф гардидааст. Пас аз шикасти балвои солҳои 1905-1911 қувваҳои иртиҷоъӣ ба таъқиби инқилобиюн шурӯъ намудаанд ва Лоҳутӣ, ки ба қатл маҳкум шуда буд, ба Бағдод муҳоҷират карда, то апрели соли 1915 дар он ҷо иқомат намудааст.

Васияти гумшудаи шоир: Оромгоҳи устод Лоҳутиро ба Тоҷикистон барем?

Сипас Лоҳутӣ боз ба ватан баргашта, рӯзномаи «Бесутун»-ро таъсис додааст ва дигарбора дар ҷунбишҳои озодихоҳонаи синфӣ ва муборизаҳои инқилобӣ ширкат варзида, мафкураву ҷаҳонбинии ӯ вусъати бештар ёфтаанд. Дар аввалҳои соли 1917 нахустин бор бо болшевикони рус, ки дар сафи қӯшунҳои ишғолӣ хизмат мекарданд, ошно шуда, ба воситаи онҳо доир ба воқеаҳои инқилобии Русия муфассал иттилоъ ёфтааст.

Моҳи декабри соли 1917, вақте ки Ҳукумати Шӯравӣ аскарони русро аз Эрон баровардаву англисҳо кишварашро тасарруф намуданд, Лоҳутӣ дубора тарки ватан гуфта, ба Истамбул рафтаву муддате дар макотиби форсӣ муаллимӣ кардааст ва силсилае ғазалиёти беназир офаридааст. ки дар маҷмӯаҳои “Лаъолӣ”, “Эроннома”, “Наврӯзнома” ва ғайра ба табъ расидаанд. Дар муҳоҷират хеле сахтиҳоро ба сар бурда, ҳамроҳи ҳамсангарони содиқаш “Ҷамъияти ҷавонони Эрон” ва маҷаллаи “Порс”-ро таъсис додааст ва, ниҳоят, дучори таъқиби шадиде гардидааст.

Охири соли 1921 Лоҳутӣ ба Озарбойҷон омадааст ва, дере нагузашта, дувумин шӯриши Табрезро, ки бо номи “Шӯриши Лоҳутихон” машҳур аст, сарварӣ кардааст.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ

Пас аз фурӯ нишонда шудани шӯриш, моҳи феврали соли 1922, ба Иттиҳоди Шӯравӣ гузашта, ба давраи нави ҳаёти худ оғоз бахшидааст. Лоҳутӣ муддате дар Тбилиси ва Бокуву Нахҷувон кору зиндагӣ карда, ибтидои соли 1923 ба Москва рафта, дар “Нашриёти халқҳои СССР” ба кор пардохтааст. Аз соли 1924 узви Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ -ВКП(б) буд.

Як қаҳрамон дар се кишвар: саргузашти Абулқосим Лоҳутӣ – навор

Абулқосим Лоҳутӣ соли 1925 ба Тоҷикистон омада, дар муборизаи зидди хурофотпарастон ва душманони ҳаёти нав фаъолона ширкат варзидааст. Муддате мудири шуъбаи ташвиқу тарғиби Шӯрои ташкилии Кумитаи ҳизбии вилоятӣ ва ҷонишини Комиссари халқии маориф буда, дар таъсиси Нашриёти давлатии ҷумҳурӣ бевосита ширкат кардааст. Тавре дар манбаҳои таърихӣ навишта шудааст, Лоҳутӣ бо ароба аз Тирмиз ба Душанбе нахустин мошини чоп овардааст.

Дар меҳмонии Лоҳутӣ ва Н. Махсум: сирҳои нуҳуфтаи тоҷикон аз “Хонаи назди соҳил”-и Маскав

Соли 1931 хабарнигори рӯзномаи асосии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ — “Правда” таъин шуда, соли 1933 Кумитаи муассисони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст ва чанде раиси фахрии он низ будааст. Дар Анҷумани якуми умумиттифоқии нависандагони шӯравӣ (1934) дар бораи адабиёти нави тоҷик маърӯза хондааст.

 Баъдан, соле чанд, Котиби масъули Иттифоқи нависандагони СССР будааст. Соли 1935 дар ҳайати адибону арбобони маданияти шӯравӣ дар Конгресси байналмилалии ҳимояи маданият, ки дар шаҳри Париж барпо гардида буд, иштирок ва суханронӣ кардааст. Соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Бояд гуфт, ки Лоҳутӣ соли 1945 матни Суруди миллии (гимни) собиқ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро эҷод кардааст.

Абулқосим Лоҳутӣ 16 марти соли 1957 дар шаҳри Москва вафот кардааст. Дар Қабристони Новодевичйеи пойтахти Русия мадфун аст.

Ҳаёти оилавии устод Лоҳутӣ

Аз рӯи навиштаи муҳаққиқон Лоҳутӣ ду бор издивоҷ кардааст. Бори аввал дар Эрон бо духтари шонздаҳсолае бо номи Нусрат, ки зиндагии муштараки онҳо ҳамагӣ 1, 5 сол идома меёбад. Ҳангоми издивоҷ Лоҳутӣ раиси жандармерии Қум буд. Ҳамсари аввали шоир дар ин мавзӯъ бо муҳаққиқон сӯҳбатро ба дарозо намекашад ва фақат ҳамин нуктаро баён медорад, ки ӯ марди зиндагӣ набуд ва дар сар хамеша ҳавои инқилоб дошт. Хатто ба ёд овардани чеҳраи Лоҳутӣ бо гузашти солҳо барояш хира менамояд.

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабули дархости довталабонро ба Ҷоизаи Лоҳутӣ оғоз кард

Бори дуюм устод бо Ситсилиябону хонадор мешавад, ки аз ин ақд онҳо соҳиби се фарзанд Гев, Лайло ва Далер мегарданд. Атия бошад, духтари калонии бонуи ӯ аз издивоҷи қаблист. Оиладории онҳо 27 сол, то поёни умри шоир идома меёбад. Дар бораи шиносоии устод бо Бону ҳам дар миёни ҳамкорону ҳамзамонони онҳо сару садоҳои гуногун вуҷуд дорад. Ҳаминро бояд ёдрас кард, шоир бо хамсараш корҳои зиёди судмандеанҷом додаанд, аз ҷумла, онҳо аз забони англисӣ асарҳои Шекспир, трагедияи “Отелло”, “Ромео ва Ҷулйет”, “Шоҳ Лир”-ро тарҷума кардаанд.

Мавриди ёдоварист, ки Иосиф Сталин ба шахсияти Лоҳутӣ эҳтиром ва муҳаббати хос дошт. Шояд ба он далел Сталин нисбат ба Лоҳутӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекард, ки ӯ на фақат як шоир, балки марди ҷангдида ва шуҷоъ буд.

Устод Лоҳутӣ бисёр масъалаҳои ҳассосро бо пуштибонии Сталин ҳаллу фасл мекард. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки онҳо бо ҳам робитаи хуб ба роҳ монда буданд.

Вале ҳамеша чунин аст, ки боди сиёсат ба ҳар самти номаълум мевазад. Пас аз марги Сталин Никита Хрушёв тамоми ашхоси наздики ӯро зери фишор қарор медиҳад. Дар ин бора Далер писари Лоҳутӣ ҷое ишора кардааст, ки сабаби хурӯҷи бемории падараш соли 1956 Анҷумани ХХ Партияи Коммунистии Иттифоқи Шӯроӣ шахспарастии И.В.Сталинро ифшо сохт. Лоҳутӣ ба ин чеҳраи сиёсӣ эҳтироми зиёде дошт.

Имрӯз дар таҷлили 107-солагии матбуоти тоҷик барандагони ҷоизаи А. Лоҳутӣ эълон хоҳанд шуд

Дар ҳамин замина, А. Баширӣ менависад: “То Истолин зинда буд, рӯзгори Лоҳутӣ бисёр хуб буд. Вале пас аз марги ӯ бадбинон ва кӯтоҳандешоне, ки дар миёни ҳар мардуме пайдо мешаванд ва чашми дидани пешрафтҳои дигаронро надоранд, ба ҷони Лоҳутӣ афтоданд ва то тавонистанд аз ӯ назди роҳбарони Шӯравӣ бад гуфтанд ва ӯро аз чашми онон андохтанд ва аз он пас дар кори вай шикаст падид омад ва пешрафти бештаре накард ва саранҷом аз Тоҷикистон ба Маскав кӯчид ва то поёнии зиндагиаш дар ин шаҳр ба сар бурд.

Бояд ёдовар шуд, ки пеш аз маргаш Лоҳутӣ васият мекунад, ки агар кишвари Эрон рӯзе ба як сарзамини озоду демократӣ мубаддал гардад, хокистарашро ба хоки ниёгонаш Кирмоншоҳ бубаранд. Дар акси ҳол, онро лоақал ба ватани дуюмаш Тоҷикистон интиқол бидиҳанд. Вале ин масъала бо гузашти чандин даҳсолаҳо баррасӣ нашудааст.