Сафири Тоҷикистон: раванди иҷрои тарҳҳои муштараки Тоҷикистону Беларус суръат мегиранд

Сафири Тоҷикистон дар Минск аз суръат гирифтани иҷрои барномаҳои муштараки иқтисодии Тоҷикистону Беларус таъкид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Муҳаммадшариф Ҳақдод зимни суханронӣ ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Минск ба суръат гирифтани раванди иҷрои барномаҳои муштараки иқтисодии Тоҷикистону Беларус ишора кард, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday дар истинод ба гузориши “Форс”.

Лукашенко ҷузъиёти сафари Раҳмонро ба Белорус ошкор кард

Вай зимни ишора ба аҳаммияти тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ гуфтааст, миёни мардуми ду кишвар таомули муассире дар ин заминаҳо барқарор шудааст.

Ҳақдод гуфт, равобите, ки байни раисони ҷумҳури ду кишвар барқарор шуда ба тавсеаи ҳамкорӣ дар тамомии бахш кумак мекунад. Вай дар идома бар аҳаммияти тавофуқоти бадаст омада дар сатҳи олӣ дар пайи сафарҳои мутақобили раисони ҷумҳури ду кишвар таъкид кард.

Ҳақдод афзуд, миёни Тоҷикистон ва Беларус пояи ҳуқуқии маҳкаме эҷод шуда, ки шомили беш аз 100 санади муштарак мебошад.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин ба тасреъи иртибототи тиҷорӣ ва иқтисодӣ, кори ширкатҳои муштарак дар заминаи монтожи таҷҳизоти белорусӣ дар қаламрави Тоҷикистон ишора кард.

Анатолий Хотко, вазири кишоварзии Беларус низ зимни суханонӣ дар ин маросим бо ишора ба фаъол шудани равобит миёни ду кишвар, иҷрои проектҳои иқтисодии бузург, эҷоди ширкатҳои муштарак ва сафарҳои мутақобилро баёнгари ин муҳим унвон кард.