Ансамбли “Гулрез”: раққосаҳои “президентӣ” ё 30 духтари ҷаззоб, ки зиндагии шахсӣ надоштанд

Ансамбли рақсии “Гулрез”, ки номашро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта буд ва дар байни ҷомеаи Тоҷикистон чун ансамбли “президентӣ” машҳур буд, бо санъати баланди рақс дар ҷомеаи тоҷик қолабшиканӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Ҳунармандони ҳайъати аввалаи ансамбли рақсии “Гулрез”, ки аз 30 духтари ҷаззобу зебо иборат буд, мегӯянд, танҳо рӯи саҳнаи касбӣ рақсидаанд ва боре ҳам дар тӯйҳо ё намоҳангҳои сарояндагон нақшофарӣ накардаанд.

Sputnik Тоҷикистон бо раққосаҳои ҳайъати аввалаи ансамбли “Гулрез” дар бораи таъсиси гурӯҳи ҳунарӣ, мақоми раққоса дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳаёти шахсӣ суҳбат кард.

Қолабшикании ансамбли “Гулрез” дар ҷомеаи Тоҷикистон

Тоҷикистонро бо раққасаҳое чун Малика Қаландарова, Малика Собирова, Зебо Аминзода, Ҷамила Охунова ва ғайраҳо мешиносанд.

Заррагул Искандарова бо пои баста дар саҳна

Дар паи ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 90-ум ансамблҳои номдор чун “Зебо” ва “Лола” аз фаъолият бозмонданд. Ва барои раққосаҳои он замон ягона роҳи даромад – тӯю маъракаҳо шуд. Ҳамин буд, ки ҷомеаи Тоҷикистон раққосаро – чун духтарони “сабукпой” мепиндоштанд.

Имрӯзҳо низ пайдо мешаванд, волидон ё бародароне, ки барои раққосаи ҳирфаӣ ва баландихтисос шудани хоҳарон монеъ мешаванд, вале ансамбли “Гулрез” бо касбияти волои рақсӣ тавонист ин қолаби ҷойдоштаро то ҷое бишканад ва ақидаҳои беҷоро аз мағзи ҷомеаи тоҷик бишӯяд.

Раққосаҳои ҳайати аввалаи ансамбли “Гулрез” мегӯянд, боре ҳам дар тӯю маъракаҳои шахсӣ ҳунарнамоӣ накардаанд.

“Духтарони мо барои дарёфти маблағ ба тӯйҳо нарафтаанд. Хубии кори мо ин буд, ки аксари духтарон, ки дар мактаб таҳсил мекарданд ё донишҷӯй буданд, аллакай таҷрибаи корӣ доштанд, чун баробари ба ансамбл ворид шудан, барои ҳар яки мо дафтарчаҳои меҳнатӣ боз мешуд”, - нақл мекунад, раққосаи пешини ансамбли "Гулрез" Нигина Каримова.

Ансамбли “Гулрез”: раққосаҳои “президентӣ” ё 30 духтари ҷаззоб, ки зиндагии шахсӣ надоштанд

Вале, гап натанҳо сари маблағ балки сари гапу калочае, ки пас аз тӯйгардӣ овоза мешуд, меравад.

“Ҷамила Охунова – хариографи аввалини мо, намегузошт бо касе берун аз ансамбл суҳбат ё гашту гузор кунем. Он замон мо намефаҳмидем, чаро ӯ чунин ҷиддӣ аст. Чӣ мекунад агар бо сарояндагон ё духтарон аз дигар ансамбл суҳбат кунӣ? Ягон нафаре аз мо ҳаёти шахсӣ надошт. Мо фақат банди рақс будем. Вале, имрӯз ман мутмаинам, маҳз ҷиддияти Охунова буд, ки мо танҳо рӯи саҳна ва касбӣ мерақсидем”,- нақл мекунад Каримова ва меафзояд, ки ба ҳамин хотир ҳама ба духтарони ин ансамбл бо ҳавас менигаристанд ва касе ҳам ҷуръат намекард бо онҳо сухан бигӯяд.

Фарҳод Ҷомаҳмадзода: орзу дорам мисли Малика Қаландарова раққоси номӣ шавам

Ӯ мегӯяд музди меҳнати он давраи раққосаҳо ва имрӯз ҳам зиёд нест, вале зиндагии онҳо дар қиёс ба духтарони дигар рангинтар буд.

“Мо сафарҳои ҳунарӣ доштем, аксари шаҳрҳои ҷаҳонро дидем. Он мактаби ҳунару он тарбияе, ки мо дар ансамбли “Гулрез”  гирифтем, аз ҳама гуна маблағ болотар аст”, - бовар доранд раққосаҳо.

Ансамбли бе ном

Чанд сол ансамбли “Гулрез” ном надошт ва чун ансамбли назди Кумитаи телевизион ва радиои Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мекард.

Ансамбли “Гулрез”: раққосаҳои “президентӣ” ё 30 духтари ҷаззоб, ки зиндагии шахсӣ надоштанд

“Ҳар боре, ки мо барномаи ҷадиду тозаеро пешкаш мекардем, овозаҳо бештар мешуд ва ҳамин тавр аз ҳунари мо президент низ воқиф шуд”, - гуфт раққосаи пешини “Гулрез” Дилором Нурматова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ҳунармандон дар давоми ду сол барои муаррифии ансамбл барнома омода карданд.

Ҳамин тавр, муаррифии ансамбли “Гулрез” бо барномаи мукаммали консертии иборат аз рақсҳои жанри гуногун, 4 апрели соли 2004 дар саҳнаи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.

Барномаҳои рақсии ансамбли “Гулрез” он солҳо аз дигар ансамблҳо бо шумораи зиёди раққосаҳо фарқ мекард. Дар ҳар барномаи рақсӣ на камтар аз 20 раққоса чарх мезад.

Малика Собирова 75 сола мешавад: ёдбуди раққоса дар Театри опера ва балет

“Чун саҳнаи Театри опера ва балет дар қиёс бо Кохи Борбад тангтар ва хурдтар буд, дастандаркорон чандин бор барои мо декаратсияи саҳнаро иваз мекарданд ”, - ба ёд меорад раққоса.

Ба гуфти Дилором, дар барномаи рақсӣ натанҳо аз оҳангҳои миллӣ балки русию арабию узбекӣ, ретро ва итолиёвӣ ҳам иборат буданд, ки мардумро ба ваҷд меоварданд.

Ансамбли “Гулрез”: раққосаҳои “президентӣ” ё 30 духтари ҷаззоб, ки зиндагии шахсӣ надоштанд

Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Миронов дар рӯнамоии ансамбли “Гулрез”

Рӯзҳои муаррифии ансамбли “Гулрез” , спикери онвақтаи Думаи давлатии Русия, Сергей Миронов ба Тоҷикистон омада буд.  Меҳмон, ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии ансамбли “Гулрез” ширкат кард.

Маҳз ҳамон рӯз ансамбл соҳиби ном шуд.

“Пас аз консерт президент ба ҳамаи мо ва шахсан ба хариографамон Ҷамила Охунова барои ташкили ансамбли касбӣ, изҳори сипос кард. Президент гуфт, “ман дар бораи номи ансамбл бисёр фикр кардам ва номи ин ансамбл “Гулрез” мешавад”, - нақл мекунад раццосаи ансамбли Гулрез аз қавли раисиҷумҳур.

Ансамбли “Гулрез”: раққосаҳои “президентӣ” ё 30 духтари ҷаззоб, ки зиндагии шахсӣ надоштанд

Аз он рӯз мардум ин ансамблро “президентӣ” мегуфт, сарфи назар аз он ки ансамбл чунин мақомро надошт ва то кунун надорад.

“Раисиҷумҳури Тоҷикистон,  ки худ дӯстдори санъат аст, пас аз дидани ансамбли мо дар назди намояндагони дигар кишварҳо бо мо фахр мекард”, - мегӯяд, Нигина Каримова раққосаи пешини ансамбли “Гулрез”.

Малика дар рақс: насби пайкараи 2 фарҳангии тоҷик дар Душанбе - аксҳо

Коршиносони фарҳангӣ чунин муваффаққияти ансамбли “Гулрез”-ро дар чеҳраҳои зебо ва қомати баланд, барномаҳои рангину ғайриоддӣ ва ҳунари волои хариографии Ҷамила Охунова медонанд.

Бо барномаҳои рангин ва рақсҳои классикию миллӣ, ин ансамбл дар тамоми гӯшаю канори дунё Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст.

“Моро ҳеҷ кас ба президент муаррифӣ накарда, буд. Ансамбли мо бо барномаи рангини худ – худаш худро муаррифӣ кард”, - бовар дорад, мураббии ансамбл Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Наргис Ҳасанова.

То ҳол ансамбли “Гулрез” мақоми президентӣ ё давлатӣ надорад.

Ансамбли “Гулрез”: раққосаҳои “президентӣ” ё 30 духтари ҷаззоб, ки зиндагии шахсӣ надоштанд

Фоҷиа  дар ансамбл ва рақси пур аз эҳсос

Ҳайъати аввалаи ансамбли “Гулрез” рақсҳои гуногун пешкаш кардааст. Оғоз аз рақси андиҷонию ретро то классикию шашмақом. Вале ба гуфти раққосаҳои пешини ансамбл, рақси “Модар” барои онҳо мақоми вижа дорад.

“Он замоне, ки мо бояд ин рақсро дар саҳна иҷро мекардем, костюмерамон, ки модари яке аз раққосаҳо буд, даргузашт. Ин фоҷиа барои ҳар яки мо хеле сангин буд. Ин фоҷиаи кулли ансамбл буд ва замоне, ки мо зери суруди Сироҷиддин Фозилов “Модир” чарх мезадем, дили ҳар яки мо реш-реш мешуд. Ҳеҷ он рӯзу он рақсро аз ёд бароварда наметавонем”, - нақл мекунанд ҳунармандон.

Либосҳои рақсиро ба ёд оварда, солисткаҳо мегӯянд ба сару либосашони диққат бисёр зиёд буд ва барои дӯхтани як либос маблағи ҳангуфт сарф мешуд.

“Дар ёд дорам, вақте рақси итолиёӣ мегузоштанд бароямон музаҳои баланд ва сарпӯши вижае аз парҳо омода мешуд, ки чандин бор дӯхта шуд. Кумитаи назди телевизион ва радиои назди Ҳукумат барои либос маблағ дареғ намедошт. Ҳамин буд, ки ҳар як рақси мо бо костюми нав пешкаш мешуд”, - нақл мекунад Наргис Ҳасанова мураббии ансамбли “Гулрез”.

Раққосаҳои ҳайати аввалаи “Гулрез” куҷоянд

Бо гузашти солҳо, инсон чобукию нозукӣ ва таровату ҷавонии худро аз даст медиҳад аз ин рӯ духтарон бо вуҷуди дилбанд будан ба рақс, ҳам дар ҳаёти шахсӣ ва ҳам дар дигар касбҳо, муваффақ шудаанд.

Аз сӣ духтаре, ки он замон дар ансамбли “Гулрез” ҳунарнамоӣ мекарданд, имрӯз танҳо як нафар Азизӣ Меҳрубон дар ансамбли "Гулрез" боқӣ мондааст.

Ба нақли мусоҳибон қариб ҳамаи раққосаҳои пешини ансамбли “Гулрез” дорои маълмуоти олӣ, оиладор ва соҳиби фарзандони хубрӯй ҳастанд.

Онҳо имрӯзҳо дар риштаҳои гуногун, мавқеъи худро дар ҷомеъа пайдо кардаанд.

Масалан салисткаи пешини ансамбли “Гулрез” Ирина Алкова рӯзноманигор аст ва айни замон дар Маскав аз рӯи ихтисос кор мекунад.

Ансамбли “Гулрез”: раққосаҳои “президентӣ” ё 30 духтари ҷаззоб, ки зиндагии шахсӣ надоштанд

Клара Грузинова низ дар Русия қарор дорад. Анна Митскевич анйи замон дар Волгоград ба сар мебарад. Ӯ фаъолияти ҳунариашро идома дода, имрӯз кӯдакони русро рақси тоҷикӣ меомӯзонад.

Камила Султонова ҳуқуқшинос аст ва айни замон дар Ню-Йорк зиндагӣ мекунад. Тахмина Орифҷонова дар Душанбе ба сар мебарад. Ӯ дар риштаи иқтисод кору фаъолият дорад.

Дилором Нурматова хонадор соҳиби се фарзанд. Ӯ педагог аст. Нигина Каримова соҳиби ду писар айни замон дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия кору фаъолият мекунад.

Ба ҳамин монанд, яке пизишк , дигаре ҳуқуқшинос, сеюмӣ омӯзгор, ё иқтисодчӣ  щастанд.

Таърихи пайдоиши ансамбли “Гулрез”

Бо пешниҳоди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон  Убайдулло Раҷабов, ки он замон раҳбарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистонро, бар ӯҳда дошт ва талоши Ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Ҷамила Охунова, ки то он дам дар ансамблҳои  “Лола” ва  “Зебо” кор мекард, ансамбли  “Гулрез” ба вуҷуд омад.

Нахустин ҳунарнамоии ансамбли “Гулрез” дар саҳнаи Кохи Борбад соли 2002 ба муносибати рӯзи истиқлоли Тоҷикистон  баргузор шуд.  Дар он консерт ансамбл зери навои суруди шашмақомсаройи машҳури Тоҷикистон Сабоҳат Наҷмиддинова - “Муноҷот” ҳунарнамоӣ карда буд.

То ин дам ҳама дар бораи пайдо шудани ансамбли наву ғайриоддӣ мегуфтанд, вале намедонистанд, он чигуна аст.

Дар паи таъсиси як ансамбли нав ва касбӣ хариограф Ҷамила Охуновна барои дарёфти чеҳраҳои зебо ва духтарони қоматбаланд ба мактабҳо рафта духтарони қоматбаланду хушчеҳраро ба ансамбл даъват мекард.

Чакан, рақс ва суҳбати чинии духтарчаи 8-солаи тоҷик дар телевизиони марказии Чин (ВИДЕО)

Ҳамчунин, барои таъсиси ин ансамбл тариқи телевизон ва радиоҳои марказӣ кастинг эълон шуда буд, ки дар натиҷа аз миёни ҳазорон хоҳишмандон, 100 духтари ҷавон интихоб шуданд. Вале на ҳамаи онҳо рӯи саҳна монданд.

Ҳамин тавр, соли 2001як ансамбли наву тоза бо 30 духтари қадрасу зебо ташкил шуд.

Ин ансамбл фаромиллӣ буд. Дар он духтарони миллатҳои гуногун аз қабили узбек, русу дигар миллатҳои муқими Душанбе, мерақсиданд.

Яке аз талаботи муҳим баробари қомати баланд ва чеҳраи зебо, хоҳиши зиёди раққосаи ҳирфаӣ шудан, буд.

Пас аз рафтани Ҷамила Охуновна ба ансамбли “Лола”,  бо ансамбли “Гулрез” Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Зебо Аминзода, ки бо даъвати раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон аз шаҳри Маскав ба Душанбе омада буд, кор мекард.

Солҳое чанд ҳунарманди дигар Фароғат Саидова духтарони “Гулрез” – ро тамрин медод.

"Гулрез" - и имрӯз

Наздики 12 сол мешавад, ки раҳбарии ансамбли “Гулрез” – ро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Имоми Раҳмониён бар ӯҳда дорад.

Дар ансамбли “Гулрез”-и имрӯза  беш аз 25 раққоса кору фаъолият дорад.

Имрӯз ансамбли “Гулрез” бо рақсҳои миллӣ муаррифгари Тоҷикистон дар дигар кишварҳои дунё буда, дар тамоми чорабиниҳои сатҳи давлатӣ Рӯзҳои фарҳагӣ таҳти навоҳои сарояндагони номии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.

Ба гуфти раҳбари ансамбли рақсии “Гулрез” Имоми Раҳмониён ҳамасола ин ансамбл беш аз 30 барномаи рақсӣ омода ва пешкаш мекунад.