Малика Собирова 75 сола мешавад: ёдбуди раққоса дар Театри опера ва балет

© SputnikГосударственный академический театр оперы и балета им. С.Айни
Государственный академический театр оперы и балета им. С.Айни - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба муносибати 75 - солагии раққоcаи нотакрори тоҷик Малика Собирова дар Театри опера ва балети би номи С. Айнӣ гала - консерт баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми вазорати фарҳанги ҶТ, гала — консерт 21 май соати 18:00 дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор мегардад.

Дар ёдбуди Малика Собирова раққосони тоҷик, ҳамчунин балеринаҳо аз Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Малика Собирова яке аз чеҳраҳои нотакрори балети тоҷик аст, ки номи Тоҷикистонро бо ҳунараш ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Малика Собирова 22 май соли 1942 ба дунё омада, 27 феврали соли 1982 вафот кард. Ӯ соли 1961 Омӯзишгоҳи хореографии Ленинград (имрӯза Академияи балети рус ба номи А.Я. Ваганов)-ро бомуваффақият хатм карда, фаъолияти худро чун солисткаи балет дар Театри  опера ва балети ба номи С.Айнӣ оғоз мекунад.

Заррагул Искандарова-ҳунарпешаи марлдумии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Заррагул Искандарова бо пои баста дар саҳна

Аввалин нақши худро дар намоиши "Шелкунчик"  П.И.Чайковский ҳанӯз дар солҳои донишҷӯияш дар саҳнаи Театри опера ва балети ба номи С.М. Кирови шаҳри Ленинград иҷро карда буд.

Лауреати озмунҳои байналмилалӣ дар Варна ва Москва мебошад. Чандин маротиба дар саҳнаҳои Театри калони СССР, театрҳои Ленинград, Ереван, Рига, Вилнюс, Горков, Одесса, Свердловск, Новосибирск, Оренбург, Алма-ато, Фрунзе, Тошкент ва Кишинев рақсида, ба бисёр кишварҳои ҷаҳон сафар кардааст.

Истеъдоди табиӣ ва меҳнатдӯстии Малика Собирова боис гардиданд, ки ин ҳунарпешаи нотакрор дар саҳна нақшҳои беназир ва олиро офарад. Ӯ соҳиби диди нозук буда, дар мусиқӣ эҳсосҳои самими инсониятро ҷустуҷӯ мекард ва айнан ҳамин гуна эҳсосотро ба бинандагон тавассути рақси мавзун ва хиромони шарқӣ нақл менамуд. Малика Собирова бо беҳтарин солистони балети Иттиҳоди Шӯравӣ дар саҳна нақш офаридааст.Ин чрабинии фарҳангӣ ба муносибати  75-солагии Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ — Малика Сорбирова барпо мегардад.

Лентаи хабарҳо
0