Дар Тоҷикистон аз нав ба қайдгирии сим-кортҳои мобилӣ барои телефонҳо ва воситаҳои алоқа дар асоси шиносномаҳои нав ва ё пластикӣ, ки аз соли 2014 инҷониб дастраси шаҳрвандон гардидаанд ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда шудааст.
Бисёриҳо ҳамаи даврҳои ин бақайдгириро паси сар кардаанд, аммо мушкилиҳо то ҳол вуҷуд доранд. Ба Sputnik Тоҷикистон оид ба қонуну қоидаи бақайдгирии сим-кортҳо чунин шарҳ доданд.
Кӣ бояд сим-корташро аз нав ба қайд гирад
Ин талабот пеш аз ҳама ба шаҳрвандоне таалуқ дорад, ки якчанд сим-корт доранд.
Яъне мисли пештара мумкин нест, ба номи худ якчанд сим-корт сабт карду ба наздикону дӯстон тақсим кард.
Барои аз нав ба қайдгирӣ шиносномаи намунаи соли 2014 ҳатмӣ мебошад.
Барои ба аз нав ба қайд гирифтан омадани истифода барандаи сим-корт ба марказҳои ширкатҳои мобилӣ ҳатмӣ мебошад, дигар роҳ надорад.
Кӣ бояд шиноснома иваз кунад
Барои аз нав ба қайд гирифтани сим-корт дар марказҳои шабакаҳои мобилӣ шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ID-картаи шиносномаи навро пешкаш кунад.
Шиносномаи намунаи соли 1996 (қоғазин) барои ба қайдгирӣ намешавад, чунки ба воситаи он соҳибонашонро дар архивҳои давлатӣ мушкил аст муаян кардан.
Барои ҳамин шиносномаи намунаи нав (соли 2014) яке аз шартҳои асосии аз нав бақайдгирии сим-кортҳо мебошад.
Мувофиқи қонун ҳамаи сим-кортҳо дар ҳудуди Тоҷикистон бояд дар номи соҳибони аслии худ ба қайд гирифта шаванд. Барои тасдиқи соҳиби сим-корт будан ивази шиноснома ҳатмист.
Киҳо аз ивази шиноснома озод мебошанд
Шаҳрвандоне аз ивази шиноснома озод мебошанд, ки сим-кортҳояшон дар номҳои бегона сабт шудаанд. Агар муштарӣ ба номаш сим-корт надошта бошад ва мақсади ба даст овардани сим-кортро надошта бошад барояш ивази шиносномаи намунаи куҳна ҳатмӣ нест, шарҳ додаанд дар Вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон.
Ҳамин тариқ ин гуна шахсон то ба анҷом расидани муҳлати шиносномаашон метавонанд ин ҳуҷҷати шахсиашонро иваз накунанд.
Кадом ҳуҷҷатҳо барои ивази шиноснома лозим аст
Барои ивази шиносномаи намунаи куҳна ба нав шаҳрвандон уҳдадоранд чунин санадҳоро дошта бошанд:
- Шиносномаи муҳлаташ тамом нашудаи намунаи соли 1996
- Рақами шахсии андозсупоранда (ИНН) ва ё шиносномае, ки дар он муҳри рақами андозсупоранда сабт шудааст. (Кӯдакони то 16-сола барои шиносномагирӣ бояд шаҳодатномаи таваллудашонро бо рақами шахсии андозсупоранда пешниҳод кунанд).
- Санад дар бораи супурда шудани боҷи давлатӣ аз ҷониби шаҳрванд ба миқдори 10 доллари амрикоӣ, аммо бо асъори миллӣ (иштироккунандагони ҶБВ ва дигар шахсони ба онҳо баробар дониста шуда, маъюбони дараҷаҳои 1 ва 2, аз супурдани боҷӣ давлатӣ озод мебошанд).
- Як расми 3,5х4,5 мм. (бе доштани сарпӯш рӯйсарӣ)
Ғайр аз рӯйхати санадҳои ҳатмӣ , ҳамчунин ҳуҷҷатҳои иловагӣ низ дар ҳолати шубҳанок будани шаҳрванд, лозим шуданашон мумкин аст.
Муҳлати омодасозии шиноснома тақрибан 15 рӯз аст.
Барои ивази шиноснома ба куҷо бояд муроҷиат намуд
Барои гирифтани ID-шиносномаи намунаи соли 2014 шаҳрванди Тоҷикистон метавонад ба дилхоҳ шуъбаи шиносномадиҳии назди ВКД ноҳияву шаҳрҳо муроҷиат намояд.
Мувофиқи реҷаи Вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон ҳамаи шуъбаҳои шиносномадиҳӣ бастаи ҳуҷҷатҳоро дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 22:00 қабул мекунанд.
Баъди супурдани бастаи лозимаи санадҳо муҳлати тайёршавии шиноснома тақрибан 15 рӯз тул мекашад. Паспорти нави тоҷикӣ худ дорои ID-карта мебошад.
Муҳлати ивази шиносномаҳо ва аз нав ба қайдгирии шиносномаҳо то 8 августи соли 2019 муқарар шудааст.
Чаро аз нав ба қайдгирии сим-корт зарур аст
Ҳамаи ин давраҳо барои таъмири амнияти муштариёни мобили ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Шиносномаи намунаи нав, ки ба он сим-корт сабт карда мешавад, имкон медиҳад на танҳо ному насаб ва суроғаи соҳиби сим-корт муаян карда шавад, балки маълумотҳои биометрӣ: - изи ангуштон ва гуруҳи хун низ муаян карда мешавад.
Чихеле, ки дар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон шарҳ додаанд, ин чораҳо ҳама баҳри “пешгири аз таҳдиди терроризм ва экстремизм” мебошанд.
Чӣ мешавад агар шаҳрванд сим-корташро аз нав ба қайд нагирад
Агар соҳиби сим-корт дар хориҷа бошад ва ё бемор метавонанд ба номи шахси наздикаш ваколатнома нависад то ки ӯ омада сим-кортро сабти ном кунад.
Ваколатнома бояд дар Натариус ба қайд гирифта шуда бошад.
Аз нав ба қайдгирии аз дур пешбинӣ нашудааст.
Чӣ интизор аст шахсонеро, ки мувофиқи муҳлати муқарарӣ наметавонанд сим-кортҳояшонро сабти ном кунанд
Он шаҳрвандоне, ки дар даст шиносномаи намунаи соли 1996-ро доранд ва то 8 августи соли ҷорӣ наметавонанд сим-кортҳояшонро ба қайд бигиранд баъди муҳлати муқарар шуда наметавоананд сим-кортҳояшонро истифода баранд. Ширкатҳои мобилӣ сим-кортҳои аз нав ба қайд нагирифтаро масдуд мекунанд.
Ҳамчунин мувофиқи қонуни нав як шах наметавонад сим-корташро ба шахси дигар диҳад барои ин амал ҷарима таъин шудааст.
Барои фурӯши сим-кортҳои кишварҳои хориҷ дар Тоҷикистон ва ё сим-кортҳои тоҷикӣ ба хориҷиён ҷарима муаян шудааст.
Вакилони парлумон ҳамчунин ислоҳи қонун дар бораи он ки агар шахс сим-корташро ба дигар кас диҳаду он дар навбати худ ба шахси сеюме, ки амалҳои террористӣ анҷом додааст ва ё медиҳад, соҳиби сим-корт низ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.