Коршинос: суръати пасти интернет айби VPN не, операторҳои мобилӣ аст

© Sputnik / Стас ЭтвешСмартфон, архивное фото
Смартфон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиноси рус Олег Фролов сабабҳои паст шудани суръати интернетро дар Тоҷикистон тавзеҳ дод

Чандест, ки сокинони Тоҷикистон аз якбора паст шудани суръати интернет дар кишвар шикоят мекунанд. Аммо ба гуфтаи ширкатҳои мобилӣ, суръати пасти интернет камбуди онҳу несту аз VPN аст.

Истифодабарандагон мегӯянд, суръати интернет пас аз бекор шудани қарори Хадамоти зиддиинҳисории ҶТ дар бораи боло бурдани арзиши интернет якбора суст шуд.

Фролов рассказал, как бороться с низкой скоростью интернета в Таджикистане

Ба гуфтаи коршиноси рус Олег Фролов, ин манипулятсияи опреторҳои мобилӣ аст. Суръат аз пеши худ паст шуда наметавонад, гуфт вай.

"Ин 100 дар сад аз опреторҳои мобилӣ вобаста аст", - афзуд Фралов.

Дар натиҷа ҳарчанд корбарон интернет-тарофа дошта бошанд ҳам, аз он истифода карда наметавонанд. Муштарӣ маҷбур мешавад, ки пули изофагӣ дода, суръати интеренташро баланд бардорад.

Коршинос таъкид кард, ки суръати интернет аз модели компютер, телефон ё планшет вобаста нест, "ҳаммааш аз банду басти оператори алоқа вобаста аст".

"Дар ҳолати беасос паст шудани суръати интернет истифодабарандагон метавонанд ба опретор шикоят баранд. Ин яке аз шартҳои шартномае аст, ки байни оператор ва муштарӣ баста мешавад", - мегӯяд Фролов.

Вай афзуд, ки барои истифодаи роҳати интернет, суръати он набояд на камтар аз 50 мегабайт сония бошад.

Лентаи хабарҳо
0