ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik.Хадамот дар чорчӯбаи ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ таҳти мубориза бо хуруҷи бемориҳои сироятӣ ба вазоратҳои тандурустии Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон шаш лабораторияҳои мобилӣ супорид, хабар медиҳад сомонаи хадамот.
"Ба Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон лабораторияҳои мобилии экспресс-диагностика супорида шуд, ки аз ҷониби РосНИПЧИ "Микроб" —и хадамоти федералӣ каркард карда шудааст",- омадааст дар хабар.
Лабораторияҳои мобилӣ бо систамаи автономии ҳаёттаъминкунӣ таҷҳизонида шуда, дараҷаи баланди бехатарии биологиро доро мебошанд ва барои нишон додани бедоркунандаҳои бемориҳои сироятӣ истифода бурда мешавад.
Хадамоти фидералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон дар Русия ба кишварҳои ИДМ кӯмакҳои моддиву техникӣ ва методикӣ расонида, ба ин восита имконияти вазоратҳои тандурустии кишварҳоро дар мубориза ва пешгирӣ намудани бемориҳои сироятии хатарнок қавитар мегардонад. Ин барнома бо фармони ҳукумати ФР барои соҳои 2015-2016 ҷорӣ карда шудааст.
Ҳамагӣ дар давоми барнома хадамот ба кишварҳои ИДМ 10 лабораторияҳои мобилӣ супорид: чор таҷҳизоти дигар соли 2015 ба Белорус ва Қазоқистон супорида шуда буд.