Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” барои азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 10-уми августи соли равон аз нав ба қайд гиранд.
ВУД Тоҷикистон, аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта буданд, хоҳиш намудааст, ки барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба шуъбаҳои шиносномадиҳии шуъбаҳои ВУД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.
Тибқи дастури вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамаи шуъбачаҳои шиносномадиҳии ШВУД-ҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор шудаанд, ки реҷаи кории худро аз соати 08:00-и субҳ то соати 22:00-и шаб ба роҳ монанд.
Барои иваз намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- Шиносномаи намунаи соли 1996.
- Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
- Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).
- Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ШМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд).
- Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.
- Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ).