Путин: Нерӯҳои баҳрии Русия дар таъмини амният нақши муҳим доранд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкРабочая поездка президента Владимира Путина в Северодвинск
Рабочая поездка президента Владимира Путина в Северодвинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2026
Обуна шудан
Президенти Русия изҳор дошт, ки Русия ба таври систематикӣ ва пайваста иқтидори ҷангии гурӯҳҳои флоти зериобии худро афзоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Нерӯҳои баҳрии Русия дар таъмини амният ва соҳибихтиёрии кишвар дар ҷаҳони имрӯза нақши муҳим мебозанд.
Инро президенти Русия Владимир Путин зимни ҷаласае дар бораи рушди гурӯҳи киштиҳои зериобии атомии бисёрмақсади Нерӯҳои баҳрии Русия изҳор дошт.
"Дар ҷаҳони имрӯза Нерӯҳои баҳрии Русия дар таъмини соҳибихтиёрӣ ва амнияти Русия ва ҳифзи манфиатҳои миллии мо нақши муҳим мебозанд", - гуфт роҳбари давлат.
Ӯ қайд кард, ки ҳамаи ҷузъҳои флот - киштиҳо ва воҳидҳои рӯизаминӣ ва зериобӣ, воҳидҳои соҳилӣ ва инфрасохтор - бояд барои муқовимат ба таҳдидҳо аз баҳр ва уқёнус омода бошанд.
"Мо бояд қудрати зарбаи назаррас дошта бошем, то ба таври муассир ба гурӯҳҳои баҳрии душман муқобилат кунем ва дороиҳои стратегии онҳоро нобуд созем", - афзуд Путин.
Ӯ бори дигар таъкид кард, ки ҳамаи ҷузъҳои Нерӯҳои баҳрӣ бояд барои дафъи таҳдидҳо аз баҳр ва уқёнус омода бошанд.
"Киштиҳо ва воҳидҳои рӯизаминӣ ва зериобӣ, инчунин воҳидҳо ва инфрасохтори соҳилӣ бояд барои дафъи таҳдидҳо аз баҳр ва уқёнус омода бошанд.
Мо бояд қудрати зарбаи назаррас дошта бошем, то ба таври муассир ба гурӯҳҳои баҳрии душман муқобилат кунем ва дороиҳои стратегии онҳоро нобуд созем.
Президенти Русия изҳор дошт, ки Русия иқтидори ҷангии флоти зериобии худро мунтазам ва пайваста афзоиш медиҳад.
Истребители МиГ-29 и Су-30СМ пилотажных групп Русские витязи и Стрижи во время церемонии открытия Международного военно-морского салона Флот 2026 в Кронштадте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2026
Бесарнишинҳо, роботҳо ва ЗС: навигариҳои намоиши низоми баҳрӣ "Флот‑2026" - Акс
Путин гуфт, ки стратегия ва тактикаи ҷанги баҳрӣ, аз ҷумла нерӯҳои зериобӣ, тағйир меёбанд, аз ин рӯ, такмил додани силоҳҳои онҳо муҳим аст.
Ӯ идома дод, ки Нерӯҳои баҳрии Русия бояд қудрати зарбазанӣ дошта бошанд, то ба гурӯҳҳои баҳрии душман муқобала кунанд ва ҳадафҳои стратегии онҳоро нобуд созанд.
Президенти Русия Владимир Путин аз корхонаи киштисозии Севмаш дар Северодвинск, вилояти Архангелск, боздид кард. Пеш аз мулоқот, Путин дар маросими тантанавии баланд бардоштани парчами киштии зериобии атомии "Перм" иштирок кард.
Лентаи хабарҳо
0