https://sputnik.tj/20261128/kaihonnaward-tamrin-uzbekiston-video-1082660305.html
Суҳбати кайҳоннавард дар бораи тамрин ва имкониятҳои ҶУ дар омӯзиши кайҳон: Видео
Суҳбати кайҳоннавард дар бораи тамрин ва имкониятҳои ҶУ дар омӯзиши кайҳон: Видео
Sputnik Тоҷикистон
Кайҳоннавардонро чӣ гуна ва дар куҷо меомӯзонанд ва оё дар мадор романтик вуҷуд дорад?
2026-11-28T15:06+0500
2026-11-28T15:06+0500
2026-11-28T15:06+0500
видео
кайҳон
узбекистон
кайҳоннавардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/1c/1082660494_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_31163d8a47fdfdc626ce04734d3b2ee8.png
Ҳар як парвози кайҳонӣ солҳои омодагӣ, даҳҳо имтиҳон ва тамринро дар бар мегирад, ки дар давоми он экипаж ҳатто дар вазъиятҳои душвортарин ва хатарноктарин низ роҳ ёфтанро меомӯзад.Кайҳоннавардӣ муддати тӯлонӣ аз як ҳикояи оддӣ дар бораи осмони ситорадор берун мондааст: имрӯз ин як соҳаи технологияи баланд аст, ки ба рушди илм, коммуникатсия ва бисёр соҳаҳои дигари ҳаёт таъсир мерасонад.Ба гуфтаи кайҳоннаварди озмоишӣ Андрей Бабкин, муовини роҳбари Маркази омӯзиши кайҳоннавардон оид ба илм ва рушд ва номзади илмҳои техникӣ, тасаввуроти маъмулӣ дар бораи кайҳоннавард ҳамчун шахсе, ки аллакай ба кайҳон сафар кардааст, комилан дуруст нест.Ба гуфтаи ӯ, ин касби пурра аст, ки таҳсилоти махсус, интихоби қатъӣ ва омӯзиши бисёрмарҳилавиро талаб мекунад. Пас аз супоридани имтиҳонҳо ва санҷишҳои сершумор, номзад ҳамчун кайҳоннаварди озмоишӣ тахассус мегирад ва сипас ҳамчун як қисми гурӯҳ ва экипаж ба омӯзиш шурӯъ мекунад.Омодагии кайҳоннавардон ба шароити реалӣ ҳарчӣ бештар наздик аст. Ба ин мақсад тренажерҳои махсус истифода бурда мешаванд, ки конструксияи киштиҳо, бори зиёдатӣ, раванди ба мадор баровардан ва парвозро ба истгоҳ такрор мекунанд.Ба тайёрй ба парвозхои кайҳонӣ диққати махсус дода мешавад. Дар баробари ин, чунон ки Андрей Бабкин қайд мекунад, кайҳоннавард бояд на танҳо мутахассиси соҳаи асосии худ бошад, балки дар як вакт аз рӯи якчанд касби ба ҳам наздик дониш дошта бошад.Дар бораи ин ва дигар нозукиҳои касби кайҳоннавардӣ ва имкониятҳои Узбекистон барои баромадан ба мадор азвидеои Sputnik Узбекистон маълумот бигиред.
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/1c/1082660494_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_7c55efafeedb3df5c736a3013c3c977b.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, видео, кайҳон, узбекистон, кайҳоннавардӣ
видео, видео, кайҳон, узбекистон, кайҳоннавардӣ
Суҳбати кайҳоннавард дар бораи тамрин ва имкониятҳои ҶУ дар омӯзиши кайҳон: Видео
Кайҳоннавардонро чӣ гуна ва дар куҷо меомӯзонанд ва оё дар мадор романтик вуҷуд дорад?
Ҳар як парвози кайҳонӣ солҳои омодагӣ, даҳҳо имтиҳон ва тамринро дар бар мегирад, ки дар давоми он экипаж ҳатто дар вазъиятҳои душвортарин ва хатарноктарин низ роҳ ёфтанро меомӯзад.
Кайҳоннавардӣ муддати тӯлонӣ аз як ҳикояи оддӣ дар бораи осмони ситорадор берун мондааст: имрӯз ин як соҳаи технологияи баланд аст, ки ба рушди илм, коммуникатсия ва бисёр соҳаҳои дигари ҳаёт таъсир мерасонад.
Ба гуфтаи кайҳоннаварди озмоишӣ Андрей Бабкин, муовини роҳбари Маркази омӯзиши кайҳоннавардон оид ба илм ва рушд ва номзади илмҳои техникӣ, тасаввуроти маъмулӣ дар бораи кайҳоннавард ҳамчун шахсе, ки аллакай ба кайҳон сафар кардааст, комилан дуруст нест.
"Кайҳоннавард будан касбест, ки бо қоидаҳои хеле сахт муайян карда мешавад. Ва ин касби заминӣ аст, ки дар дафтарчаи корӣ сабт шудааст", - қайд мекунад ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ин касби пурра аст, ки таҳсилоти махсус, интихоби қатъӣ ва омӯзиши бисёрмарҳилавиро талаб мекунад. Пас аз супоридани имтиҳонҳо ва санҷишҳои сершумор, номзад ҳамчун кайҳоннаварди озмоишӣ тахассус мегирад ва сипас ҳамчун як қисми гурӯҳ ва экипаж ба омӯзиш шурӯъ мекунад.
Омодагии кайҳоннавардон ба шароити реалӣ ҳарчӣ бештар наздик аст. Ба ин мақсад тренажерҳои махсус истифода бурда мешаванд, ки конструксияи киштиҳо, бори зиёдатӣ, раванди ба мадор баровардан ва парвозро ба истгоҳ такрор мекунанд.
Ба тайёрй ба парвозхои кайҳонӣ диққати махсус дода мешавад. Дар баробари ин, чунон ки Андрей Бабкин қайд мекунад, кайҳоннавард бояд на танҳо мутахассиси соҳаи асосии худ бошад, балки дар як вакт аз рӯи якчанд касби ба ҳам наздик дониш дошта бошад.
Дар бораи ин ва дигар нозукиҳои касби кайҳоннавардӣ ва имкониятҳои Узбекистон барои баромадан ба мадор азвидеои Sputnik Узбекистон маълумот бигиред.