Тоҷикистон бо корт пардохт мекунад: ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ба 40 фоиз расид

© Sputnik Банковские карты
Банковские карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2026
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон амалиёти ғайринақдӣ афзуда беш аз 13 млн кортҳои электронӣ бароварда шуданд,шумораи ҳамёнҳои электронӣ аз ин ҳам зиёдтар шудааст
ДУШАНБЕ, 27 ноябр – Sputnik. Дар даҳ моҳи соли 2026 сокинони Тоҷикистон беш аз 264 млн амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд, ки 2,7 маротиба бештар аз соли гузашта аст. Ҳоло аз ҳар панҷ пардохт барои молу хизматрасонӣ дутоаш ба таври электронӣ сурат мегирад.
Дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи бонкӣ дар ПЛАС-Форуми сеюми байналмилалии Digital Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод.

"То охири октябри соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 13 млн корти бонкӣ бароварда шудааст. Афзоиш тақрибан 35 фоизро ташкил дод. Қариб 21 млн ҳамёни электронӣ бароварда шуд, ки афзоиши он беш аз 23 фоиз аст", – гуфт муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Зиёратшо Ғуломзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар беш аз 37 ҳазор QR-коди ягона ва тақрибан 10 ҳазор POS-терминал ҷорӣ карда шудааст.
"Боз беш аз 3,5 млн терминал дар захираи бонк қарор доранд. Бо назардошти аҳолии каме бештар аз 10 млн нафар, ин нишондиҳандаҳои хеле назаррас мебошанд. Аммо мехоҳам дақиқ бошам: шумораи кортҳо ва ҳамёнҳо ба шумораи корбарони ягона баробар нест. Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 264 млн амалиёти ғайринақдӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 маротиба зиёд аст", – қайд кард Ғуломзода.
Ҳаҷми пардохтҳо тақрибан ба 65 млрд сомонӣ расид, ки қариб ду баробар зиёд аст. Ҳамин тариқ, ҳиссаи пардохти ғайринақдии молу хизматрасониҳо бо истифода аз воситаҳои электронии пардохт ба 40 фоиз расид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 12 банди фоизӣ бештар аст.
Барои иштирокчиёни форум намоишгоҳ ташкил карда шуд, ки дар он метавонистанд бо маҳсулот ва технологияҳои ширкатҳо шинос шаванд, татбиқи онҳоро дар тиҷорати худ муҳокима кунанд ва бевосита бо намояндагони ташкилотҳо сӯҳбат намоянд.
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2026
Сарвазири Тоҷикистон мӯҳлати гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергияро эълон кард
Форум роҳбарони олирутба ва коршиносони пешбари идоракунии давлатӣ, муассисаҳои молиявӣ, сармояи венчурӣ, шабакаҳои савдо, ширкатҳои IT, соҳаи криптовалюта ва операторони алоқаи Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ-ро муттаҳид кард. Дар кори он тақрибан 1000 нафар аз 16 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Беларус, Эрон, Чин, АМА, Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Эстония, Ветнам, Лаҳистон ва ИМА ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва рақамикунонии кишвар, Хадамоти алоқа ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баргузор гардид.
Лентаи хабарҳо
0