Оғози маъракаи "16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ" дар Тоҷикистон

© Unsplash/Marco BianchettiИллюстрация домашнего насилия
Иллюстрация домашнего насилия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2026
Обуна шудан
Тағйирот аз хона ва мактаб оғоз мешавад: СММ дар Тоҷикистон ба мубориза бо зӯроварии гендерӣ даъват кард
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Дар Тоҷикистон маъракаи ҷаҳонии "16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ" оғоз ёфт.
Ҳамоҳангсози доимии СММ дар кишвар Парвати Рамасвами дар маросими ифтитоҳ гуфт, ки решакан кардани зӯроварӣ на танҳо аз қонунҳо, балки аз рафтори ҳар як шахс - дар оила, мактаб ва ҷойи кор вобаста аст.
Ба гуфтаи ӯ, пешгирии устувори зӯроварӣ тағйир додани муносибат ва рафтори одамонро тақозо мекунад вақте ки онҳо шоҳиди зӯроварӣ мешаванд, дар бораи он хабар медиҳанд ё ба чунин амалҳо аҳамият намедиҳанд.
"Ин тағйирот бояд аз оилаҳо, мактабҳо, ҷойҳои корӣ ва ҷомеа оғоз ёбад", – қайд кард Ҳамоҳангсози доимии СММ.
Парвати Рамасвами пешрафти Тоҷикистонро дар соҳаи пешгирии хушунат қадрдонӣ намуда, ба ҳамаи онҳое, ки барои таъмини амнияти бештари занону духтарон талош мекунанд, изҳори сипос кард.
Ӯ таъкид намуд, ки натиҷаи воқеии ислоҳот дар он зоҳир мегардад, ки ҳар як зану духтаре, ки барои кӯмак муроҷиат мекунад, ҳимоя ва дастгирии заруриро дарёфт намояд.
Маъракаи ҷаҳонии "16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ" ҳар сол аз 25 ноябр – Рӯзи байналмилалии мубориза барои барҳам задани зӯроварӣ нисбат ба занон то 10 декабр – Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон идома меёбад.
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2026
Дар Тоҷикистон ришвахорон сахттар муҷозот хоҳанд шуд
Соли 2026 маърака таҳти шиори "Муттаҳид шавем барои қатъи зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон: адолатро таъмин кунем, ҷабрдидагонро ҳимоя кунем, беҷазоиро хотима диҳем" баргузор мегардад.
Даъвати имсола ба он равона шудааст, ки низоми адолати судӣ ва ҷомеа якҷоя кор кунанд ва адолат барои ҳамаи занону духтарон - дар хона, дар ҷойи кор, дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дар фазои рақамӣ - воқеан амал кунад.
Дар Тоҷикистон дар доираи "16 рӯз" ҳамасола чорабиниҳои муштараки ниҳодҳои СММ, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0