Боевая работа системы дистанционного минирования Земледелие группировки войск Центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар Украина 96 фоизи номҳои кӯчаҳои марбут ба Русияро иваз карданд

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкОдна из улиц в Киеве. Архивное фото
Одна из улиц в Киеве. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2026
Обуна шудан
Роҳбарияти Киев аз соли 2022 инҷониб 96 фоиз номҳои кӯчаҳои марбут ба Русия ва ИҶШС-ро иваз кардааст
ДУШАНБЕ, 25 ноя-Sputnik. Режими Киев аз моҳи феврали соли 2022 инҷониб беш аз 96 фоиз номҳои кӯчаҳои Украинаро дар доираи "декоммунизатсия" номгузорӣ кардааст, хабар медиҳад РИА Новости.
Тибқи иттилои ҷунбиши зиддирусии "Деколонизатсия. Украина", дар аввали давраи таҳқиқот, 31,769 кӯча номҳои марбут ба таърихи Русия ва Шӯравӣ доштанд.
Айни замон, дар қаламравҳои зери назорати Киев 1,134 чунин кӯча мавҷуд аст, ки 3,6 % шумораи аввалияро ташкил медиҳад.

Ин маънои онро дорад, ки 30,635 кӯча, ё худ 96,4 % аз нав номгузорӣ шудаанд.

Номҳое, ки ба шахсиятҳои таърихӣ ва фарҳангии Русия ва Шӯравӣ дар Украина алоқаманд буданд, бо номҳое иваз карда мешаванд, ки миллатгароён ва ҳамкорони фашистиро ситоиш мекунанд.
Тибқи иттилои ин ҷунбиши радикалӣ, айни замон дар кишвар 785 кӯча, хиёбон ва майдонҳо ба номи гетмани хиёнаткор Иван Мазепа номгузорӣ шудаанд.
Степан Бандера ва Роман Шухевич, ки бо Адолф Гитлер ҳамкорӣ мекардаанд, мутаносибан 705 ва 422 номи макон доранд.
Бартараф кардани ёдгориҳои марбут ба таърихи Шӯравӣ, инчунин тағйири номгузории кӯчаҳо ва лавҳаҳо дар Украина соли 2015 пас аз қабули қонуни декоммунизатсия оғоз ёфт.
Взрывчатка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВАО: Бритониё ба Украина тоннаҳо маводи таркандаи қалбакии C4 додааст
Баъдан, мақомоти кишвар на танҳо бо таърихи Шӯравӣ, балки бо ҳама чизҳои марбут ба Русия муборизаро оғоз карданд.
Тавре ки вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров таъкид кард, Киев солҳои зиёд сиёсати хашмгинонаи зиддирусӣ ва ассимилятсияи маҷбуриро пеш гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0