Боевая работа системы дистанционного минирования Земледелие группировки войск Центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Трамп суханони Зеленскийро дар бораи музокироти Украина масхара кард

© REUTERS /Evelyn HocksteinПрезидент США Дональд Трамп.
Президент США Дональд Трамп. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2026
Обуна шудан
Трамп аз суханони Зеленский дар бораи хотима додан ба низоъ дар Украина то моҳи январ ба ханда омад
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Изҳороти Владимир Зеленский дар бораи он ки гуфтушунидкунандагони амрикоӣ гӯё мехоҳанд то моҳи январ ба созишномаи сулҳ ноил шаванд.
Ин изҳоротро президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп масхара кардааст.
"Кӣ инро гуфт? Ӯ мехоҳад, ки ман чӣ кор кунам?", - аз суханони ӯ иқтибос меорад New York Post.
Дар мақола гуфта мешавад, ки раҳбари Кохи Сафед хандид ва бо ёвари калони дар утоқ буда нигоҳ кард.
"Ман ҷадвали дақиқи вақт надорам. Ман танҳо мехоҳам, ки ин (низоъ - таҳрир) ба охир расад", - илова кард Трамп.
Даври охирини музокирот байни намояндагони Маскав, Вашингтон ва Киев рӯзҳои 10-11 ноябр дар Абу-Дабӣ баргузор шуд. Мавзӯи марказӣ муҳокимаи меъмории амнияти Аврупо пас аз низоъ буд.
Тавре ки роҳбари ҳайати Русия Владимир Мединский изҳор дошт, ҷонибҳо тавонистанд ба сулҳ наздик шаванд, аммо ҳоло бисёр чиз аз ҳамаи иштирокчиёни ин раванд вобаста аст.
Помощник президента РФ Юрий Ушаков.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ушаков: Дар замони Трамп, ИМА талош кард низоъ дар Украинаро бо музокирот ҳал кунад
Медведчук шарҳ дод, ки чаро шароити сулҳи Украина бадтар мешавад
Ҳайатҳо инчунин дар бораи мубодилаи васеи асирон байни Русия ва Украина, ки интизор меравад дар ояндаи наздик сурат гирад, ба мувофиқа расиданд.
Лентаи хабарҳо
0