Шиноснома дар телефон: "ИМЗО" ба шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ имконият медиҳад?
Обуна шудан
"ИМЗО": чӣ гуна метавон бе муроҷиати рӯбарӯ аз хизматрасониҳои давлатӣ истифода бурд? Бо ёрии барномаи мобилии "ИМЗО" шаҳрвандон метавонанд шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ карда, ҳуҷҷатҳои электрониро имзо кунанд
ДУШАНБЕ, 24 ноябр - Sputnik Дар Тоҷикистон барои гирифтани баъзе хизматрасониҳои давлатӣ акнун имкони тасдиқи шахсият тавассути телефони мобилӣ фароҳам шудааст. Ин кор бо истифода аз барномаи "ИМЗО" ва портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ анҷом дода мешавад.
Тавре аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон хабар доданд, барномаи "ИМЗО" барои айнияткунонии шахсият, тасдиқи маълумоти биометрӣ ва имзои электронии ҳуҷҷатҳо пешбинӣ шудааст.
Шаҳрванд бояд телефони ҳушманд, пайвасти интернет ва шиносномаи намунаи нав (ID-корт) дошта бошад. Барнома барои телефонҳои дорои низомҳои Android ва iOS дастрас буда, онро аз Google Play ё App Store боргирӣ кардан мумкин аст.
Пас аз насб корбар бояд бахши "Худшиносоӣ"-ро интихоб карда, чанд марҳилаи айнияткунониро гузарад.
Аввал рақами телефони мобилӣ ворид карда мешавад. Ба он рамзи тасдиқ тавассути SMS ирсол мегардад. Баъдан корбар бояд аз ду тарафи ID-корт акс гирад.
Дар марҳилаи навбатӣ ду акси чеҳра гирифта мешавад: яке бо ID-корт дар даст ва акси дигар бе ҳуҷҷат. Ин маълумот барои муқоиса ва санҷиши шахсияти шаҳрванд истифода мешавад.
Пас аз санҷиш ва ирсоли аксҳо, дар сурати тасдиқи маълумот, мақоми корбар дар бахши "Танзимот" аз "Айнияткунонии нопурра" ба "Айнияткунонии пурра" тағйир меёбад.

Яке аз имкониятҳои асосӣ ворид шудан ба портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — ekhizmat.tj мебошад. Шаҳрванд метавонад ба кабинети шахсии худ ворид шуда, хизматрасонии заруриро интихоб кунад, аризаи электрониро пур намояд ва ҳуҷҷатҳои талабшударо ирсол кунад.
Агар барои анҷом додани амалиёт имзои муроҷиаткунанда зарур бошад, он метавонад дар шакли электронӣ гузошта шавад.
Ҳамчунин "ИМЗО" воситаи воридшавии ягона ба як қатор низомҳои электронии давлатӣ муаррифӣ шудааст. Аз ҷумла, низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ, Фонди нафақа, Хадамоти иҷро ва Платформаи ягонаи сомонаҳои мақомоти давлатӣ.
Ин маънои онро дорад, ки корбар метавонад ба низомҳои пайвастшуда бо истифода аз механизми ягонаи тасдиқи шахсият ворид шавад, бе он ки барои ҳар кадоми онҳо тартиби алоҳидаи воридшавиро истифода барад.
Барои шаҳрвандоне, ки ҳангоми истифодаи барнома ба кумаки мутахассис ниёз доранд, имкони пайдо кардани маркази хизматрасонӣ тавассути харитаи дохилии барнома низ пешбинӣ шудааст.
Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ танҳо ба мавҷудияти барномаҳои мобилӣ маҳдуд намешавад. Муҳим он аст, ки шаҳрвандон то чӣ андоза метавонанд аз онҳо осон истифода баранд ва кадом хизматрасониҳоро воқеан бе муроҷиати рӯбарӯ дастрас намоянд.