Бори нахуст дастаи футболи “Рӯшон”аз ВМКБ ба Лигаи якуми футболи кишвар роҳ ёфт

© Foto / Пресс-служба ФК "Рушон"Футбольная команда "Рушан".
Футбольная команда Рушан.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2026
Обуна шудан
Ғолиби Лигаи минтақавии Бадахшон тими "Рӯшон" дорои бошгоҳи замонавии "Рӯшон Арена" гашта ба Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баромад
ДУШАНБЕ, 24 ноябр - Sputnik. Дастаи футболи "Рӯшон" аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори аввал роҳхат ба Лигаи якуми футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вилоят иттилооъ доданд.
Дар мавсими 2027 тими "Рӯшон" дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро намояндагӣ хоҳад намуд.

Ин дастовард барои даста на танҳо гузариш ба зинаи баландтари футбол, балки қадами муҳим дар рушди футбол дар яке аз минтақаҳои дурдасти кишвар ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки "Рӯшон" ҳанӯз соли 2025 ғолиби Лигаи минтақавии Бадахшон шуда буд.
Акнун даста ба марҳилаи нави рақобатҳо омодагӣ мебинад, ки дар он рақибони пурқувваттар ва талаботи ҷиддитар ӯро интизоранд.

Яке аз ҷиҳатҳои ҷолиби таърихи ин бошгоҳ бунёди варзишгоҳи хонагии он бо номи "Рӯшон Арена" мебошад.
Футболбозони даста дар корҳои сохтмонии варзишгоҳ низ иштирок карда, ҳамзамон тамринҳои худро идома медоданд.
Ба Лигаи якум баромадани "Рӯшон" барои рушди футбол дар ВМКБ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Праздник в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2026
Раиси Шӯрои ҳаракати "Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон"дар Бадахшон таъин шуд
Ин дастовард метавонад таваҷҷуҳи сарпарастони маҳаллиро ба бошгоҳ бештар намуда, ба беҳтар шудани инфрасохтори футбол ва ҷалби ҷавонон ба варзиш мусоидат кунад.

Ҳамин тавр, "Рӯшон" бо ташаббус, меҳнат ва талошҳои дастаҷамъона ба зинаи нави футболи кишвар баромад.
Акнун мухлисони футболи Бадахшон имкони дидани рақобатҳои дастаи худро дар сатҳи Лигаи якуми Тоҷикистон пайдо мекунанд.
Ин барои футболи минтақа як рӯйдоди таърихӣ ва оғози марҳилаи нави рушд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0