Пирӯзии хонандагони тоҷик дар олимпиадаи забони русӣ дар Маскав: Видео

Обуна шудан
Ин чорабинии таълимӣ ба муносибати 225-солагии таваллуди нависандаи машҳур Владимир Дал ва 35-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ дар Маскав баргузор шуд. Ин чорабинӣ ба муносибати 225-солагии таваллуди Владимир Даль ва 35-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.
Дар ин озмун хонандагони синфҳои ҳафтум то нуҳум аз кишварҳои узви ИДМ иштирок карданд. Ҳадафи он афзоиши шавқ ба забон ва фарҳанги русӣ ва муайян кардани донишҷӯёни боистеъдод буд.
Хонандагон ва донишҷӯён аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо барои санҷидани дониши худ ба Русия омаданд.

"Ғанӣ будани фонди луғавии забони русӣ яке аз бартариятҳои ин забон аст. Ман ба дониши худ шак надоштам вале, бо вуҷуди теъдоди зиёди иштирокдорон дар қатори ғолибон қарор гирифтам, ки хеле ногаҳонӣ буд", - изҳор дошт ғолиби Олимпиадаи байналмилалии забони русӣ аз Тоҷикистон Фирӯза Абдураҳмонова.

Маросими ҷоизасупорӣ ва суҳбати бештари ҷоизадори Олимпиадаи байналмилалиро дар видеои Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Лентаи хабарҳо
0