Варзоб: мушкили ҷой дар мактабҳо бо ифтитоҳи биноҳои нав ҳал мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевСтела при въезде в Варзоб.
Стела при въезде в Варзоб. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2026
Обуна шудан
Дар деҳаҳои Шодоб ва Калон биноҳои нави мактаб бо 16 ва 10 синфхона омодаанд. Дар ноҳия боз шаш объекти таълимӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ,19 ноя- Sputnik.Дар ноҳияи Варзоб дар рӯзҳои наздик ду бинои нави мактабӣ дар деҳаҳои Шодоб ва Калон ба истифода дода мешаванд. Онҳо дар маҷмӯъ барои қариб 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудаанд.
Дар ин бора аз мақомоти ноҳия хабар додаанд. Биноҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинону соҳибкорон бунёд ва навсозӣ шудааст.
Бинои асосии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 дар деҳаи Шодоби ҷамоати деҳоти Чорбоғ ҳанӯз дар замони шуравӣ сохта шуда бо афзудани шумораи хонандагон дар он ҷой нишаст камӣ мекард.
Акнун дар ин ҷо бинои дуошёнаи замонавӣ бо 16 синфхона бунёд гаштааст.
Мактаб 1005 ҷойи нишаст дар ду баст дошта мушкили норасоии ҷой бартараф мешавад. Хонандагон минбаъд дар синфхонаҳои нав ва замонавӣ таҳсил хоҳанд кард,-мегӯяд манбаъ
Дар деҳаи Калони ҷамоати деҳоти Зидеҳ бинои нави дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 омода шудааст.
Эмомали Рахмон ввёл в эксплуатацию детский сад Гунчаи Бахор в Шахристанском районе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2026
Аз мактаб то кӯдакистон: Эмомалӣ Раҳмон иншооати навро дар Суғд боз кард
Он 10 синфхона дошта барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Мактаб бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва саҳми сокинону соҳибкорони ноҳия сохта шудю
То имрӯз соҳибкорону сокинон якҷоя бо мақомоти маҳаллӣ 172 иншоотро ба истифода доданд, ки 108 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Аз ин шумор 47 иншоот ба соҳаи фарҳанг ва маориф рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0