Тоҷикистон ва Русия бо маблағгузории терроризм якҷоя муқовимат мекунанд

© AP / Hani MohammedБоевики. Иллюстративное фото
Боевики. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2026
Обуна шудан
Дар доираи арзёбиҳо дар ҷаласаи пленарӣ гузоришҳои пешрафти намояндагони Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон баррасӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 19 ноя- Sputnik. Тоҷикистон мизбони ҳафтаи пленарии 45-уми Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм шуд.
Дар доираи он, Тоҷикистону Русия дар самти муқовимат бо маблағгузории терроризм ба қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ ду созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Дар ин бора, мудири Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон Ҳалим Мирзоалиев ба хабарнигорон гузориш дод, хабар медиҳад мухбири Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, дар доираи ҳафтаи пленарии 45-уми Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм, Тоҷикистону Русия ду созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
"Ин барои рушди ҳамкориҳои оянда дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм заминаи мусоид фароҳам меорад", - гуфт Мирзоалиев.
Ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои мазкур аз ҷониби намояндагони кишварҳои АвруОсиё як қатор масъалаҳои вобаста ба мнияти миллӣ минтақа ва ҷаҳон низ баррасӣ шудааст.
"Бори аввал аст, ки дар доираи ин чорабинӣ намояндагони низоми бонкии кишварҳои АвруОсиё даъват карда шуданд. Ин маънои онро дорад, ки самти мазкур бениҳоят самти калонро фаро мегирад, ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳон кушиш мекунанд ки дар якҷоягӣ хатарҳоро дар ин самт коҳиш диҳанд", - афзуд мудири Департаменти мониторинги молиявии БМТ.
Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ дар донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия ҳафтаи бехатарӣ баргузор шудааст.
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Душанбе ҷараён дорад.
Ҳафтаи пленарӣ то 20 ноябр идома мекунад. Дар чорабиниҳо директори Росфинмониторинг Юрий Чиханчин, намояндагони воҳидҳои иктишофии молиявии кишварҳои узви гурӯҳи АвруОсиё, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои дахлдор ва ҷомеаи академӣ ва коршиносон ширкат доранд.
Саммит Безопасность в сфере искусственного интеллекта в Казахстане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2026
Раҳмон: “Раванди Душанбе” ва “Раванди Ақаба” муқовимат ба таҳдидҳои нав шуда метавонад
Дар доираи даври навбатии арзёбиҳои мутақобила, ҷаласаи пленарӣ гузоришҳои пешрафти намояндагони Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон баррасӣ мешаванд.
Иштирокчиён таҷриба дар танзими қонунгузорӣ, хатарҳои амнияти молиявиро мубодила мекунанд ва пешниҳодҳоро барои беҳтар кардани низомҳои миллии мубориза бо шустушӯи пул таҳия менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0