Таҳсил дар Русия: Оғози имтиҳон ва квотаҳо барои соли 2027-2028 эълон шуд - Видео

Обуна шудан
Таваҷҷуҳ ба таҳсил дар Русия миёни шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд аст. Шумораи квотаҳои таҳсил барои соли 2027 - 2028 аллакай маълум шуд
Россотрудничество аз оғози мавсими имтиҳонсупорӣ барои дарёфти бурсияи таҳсил дар Русия, гуфт. Имсол муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо тағйир меёбад.
Ба гуфтаи муовини роҳбари Россотрудничество Наталя Киселева маъракаи оғози имтиҳонот барои дарёфти бурсияҳо аз аввали моҳи декабр оғоз мешавад.
"Ин ба тағйирот дар хидмати қабули онлайнии мо вобаста аст. Якҷоя бо Вазорати рушди рақамии Федератсияи Русия ва Вазорати маориф, мо як хидматрасонии ягонаро таҳия кардем, ки ҳам донишҷӯёни хориҷӣ ва ҳам донишҷӯёни русро, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, фаро мегирад", - гуфт Киселёва дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Шумораи квотаҳо барои кишварҳо ҳар сол тағйир меёбад. Имсол ҳукумати Русия 30 ҳазор квота ҷудо кардааст, ки байни зиёда аз 150 кишвар тақсим карда шудаанд.
"Имсол барои Тоҷикистон яке аз бузургтарин квотаҳо, яъне 1000 квота нигоҳ дошта шудааст ва мо якҷоя бо Вазорати маориф омодаем, ки барномаҳои мақсадноки ҷалби донишҷӯёнро барои бахшҳои иқтисодиёт, ки барои Тоҷикистон муҳиманд таҳия кунем, то донишҷӯён баъди хатми таҳсил биёянд ва дар корхонаҳои кишвар ва кор кунанд", - гуфт мақомдор.
Таваҷҷуҳ ба таҳсил дар Русия миёни тоҷикистониҳо баланд мебошад ва қабули дархостҳо аз моҳи декабр оғоз хоҳад шуд.
Аз Петербург то Приморйе: 19 донишгоҳи Русия барномаҳои худро дар Хуҷанд муаррифӣ карданд
Тибқи иттилои Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат), аз моҳи январ то июни соли 2026 беш аз 22 ҳаз. шаҳрванди Тоҷикистон барои таҳсил вориди Русия шудаанд.
Маълумоти бештарро дар бораи таҳсил дарёфти квотаҳои таҳсил дар Русия, аз видеои Sputnik Тоҷикистон дарёбед.
Лентаи хабарҳо
0