Супориши Аҳмадзода ба кишоварзон: ҳосили пахтаро беталаф ҷамъоварӣ кунед

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкСбор урожая хлопка в Ставропольском крае.
Сбор урожая хлопка в Ставропольском крае.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2026
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд бо зердастонаш масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва омодагӣ ба таҷлили 40-солагии Истиқлоли давлатиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя- Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба кишоварзони вилоят супориш дод, ки ҳосили пахтаро беталаф ҷамъоварӣ кунанд.
Дар ин бора, Аҳмадзода зимни ҷаласаи корӣ масъулинро вазифадор кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Дар баробари ин дар ҷаласа масъалаҳои, риояи сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, ташкили гармхонаҳои инноватсионӣ, таъмини фаровонии бозорҳо ва амнияти озуқаворӣ мавриди баррасӣ шудааст.
Масъалаи омодасозии пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти гидротехникӣ ба мавсими нави кишоварзӣ, таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полезӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз мавзуъҳои дигар будааст.

"Раиси вилоят масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, риояи сохтори кишт, васеъ намудани майдони кишти зироатҳои барвақтӣ ва тирамоҳӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва ташкили гармхонаҳои замонавӣ тадбирҳои мушаххас андешанд", - супориш додааст Аҳмадзода.

Дар идомаи ҷаласа ба масъалаҳои таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба бунёду азнавсозии иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ ба истиқболи 40-солагии Истиқлол, бунёди роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.
Сбор урожая хлопка в Согдийской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2026
Ноҳияи Спитамен дар Суғд аввалин шуда, нақшаи солонаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард
Тибқи иттилои раёсати кишоварзии вилоят, дар маҷмӯъ дар минтақа 77 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 64,7%-и ҳаҷми умумии солонаро ташкил медиҳад.
Показать меньше
Лентаи хабарҳо
0