https://sputnik.tj/20261118/putin-jinpin-apec-muloqot-kardand-izhorot-1082301767.html
Путин ва Си Ҷинпин дар ҳошияи нишасти APEC мулоқот карданд: изҳороти муҳими президентҳо
Путин ва Си Ҷинпин дар ҳошияи нишасти APEC мулоқот карданд: изҳороти муҳими президентҳо
Sputnik Тоҷикистон
Музокироти сарони Русия ва Чин дар қароргоҳи давлатии Тсилин Шанчжуан баргузор шуд ва каме бештар аз ду соат давом кард
2026-11-18T15:02+0500
2026-11-18T15:02+0500
2026-11-18T15:02+0500
владимир путин
си ҷинпин
чин
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/12/1082289524_0:288:3127:2047_1920x0_80_0_0_e60a8cf739e3c44d1e36805a7ad135eb.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя- Sputnik. Владимир Путин ва Си Ҷинпин, раҳбарони Русия ва Чин, дар Шенҷен мулоқот карданд.Раҳбарон вазъияти байналмилалӣ ва муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Ба гуфтаи президенти Русия, ҳадафи муштараки Маскав ва Пекин таъмини сулҳ ва шукуфоӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аст. Дар навбати худ, Си Ҷинпин даъват кард, ки Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ислоҳ карда шавад, то ба протексионизм ва маҳдудиятҳои яктарафаи тиҷоратӣ аз ҷониби Ғарб муқобилат карда шавад.Ӯ инчунин таъкид кард, ки Чин минбаъд низ принсипҳои ҳамкории бисёрҷонибаро риоя хоҳад кард ва низоми тиҷорати байналмилалиро дастгирӣ хоҳад намуд.Дар мулоқот бо Си Ҷинпин дар Саммити тиҷоратии APEC, Путин ҳадафи муштараки Русия ва Чинро таъмини шукуфоӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором номид.Муносибатҳои дуҷониба низ устуворанд: тиҷорати байни кишварҳо чанд сол пай дар пай аз 200 млрд доллар ба таври назаррас гузаштааст. Президент таъкид кард, ки имсол он низ афзоиш хоҳад ёфт.Робитаҳои нақлиётӣ низ рушд мекунанд: пас аз ҷорӣ шудани низоми бидуни раводид, ҳаракати сайёҳӣ байни Русия ва Чин 43% афзоиш ёфтааст.Дар навбати худ, Си Ҷинпин ҳамкориҳои байни Маскав ва Пекинро умедбахш номид ва аз амиқтар шудани он ҷонибдорӣ кард. Ӯ аз хоҳиши президенти Русия барои эҷоди ҷаҳони бисёрмарказӣ пуштибонӣ кард."Муносибатҳои Чин ва Русия мисли кӯҳ дар ҳама гуна мушкилот ва тӯфон устувор буданд ва устувор боқӣ мемонанд", - гуфт, Си Ҷинпин.Вай ҷонибдори амиқсозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф ва аз хоҳиши раисиҷумҳури Русия барои ташаккули ҷаҳони бисёрмарказӣ пуштибонӣ кард.Раҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти феълӣ бо раисиҷумҳури Русияро рамзӣ номид.Рӯзҳои 18-19 ноябр дар Чин нишасти ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор мешавад.Музокирот бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар қароргоҳи давлатии Килин Шанжуан баргузор шуд; онхо хамагй бештар аз ду соат давом карданд.Сар аз аввали сол ин сеюмин мулоқоти шахсии Путин ва Си Ҷинпин аст. Дар ҳошиаи нишасти АРЕС, нахустин мулоқоти рӯбарӯ ва таърихии раҳбарони Русия, Чин ва Амрико Владимир Путин, Си Ҷинпин ва Доналд Трамп баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20260901/markazi-nufuz-jahoni-bisyorqutbi-putin-nishasti-shsh-1080093784.html
чин
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/12/1082289524_275:53:2933:2047_1920x0_80_0_0_9f997b4485c4d6900090f9b4b61595fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, си ҷинпин, чин, русия
владимир путин, си ҷинпин, чин, русия
Путин ва Си Ҷинпин дар ҳошияи нишасти APEC мулоқот карданд: изҳороти муҳими президентҳо
Музокироти сарони Русия ва Чин дар қароргоҳи давлатии Тсилин Шанчжуан баргузор шуд ва каме бештар аз ду соат давом кард
ДУШАНБЕ, 18 ноя- Sputnik. Владимир Путин ва Си Ҷинпин, раҳбарони Русия ва Чин, дар Шенҷен мулоқот карданд.
Раҳбарон вазъияти байналмилалӣ ва муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Ба гуфтаи президенти Русия, ҳадафи муштараки Маскав ва Пекин таъмини сулҳ ва шукуфоӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аст.
"Муносибатҳои сиёсати хориҷии Русия ва Чин устувор ва мусбатанд. Дар ин вазъияти душвори геополитикӣ, мо ба равишҳои созанда барои ташаккули тартиботи ҷаҳонии бисёрқутбаи одилонатар пайравӣ мекунем", - қайд кард Путин.
Дар навбати худ, Си Ҷинпин даъват кард, ки Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ислоҳ карда шавад, то ба протексионизм ва маҳдудиятҳои яктарафаи тиҷоратӣ аз ҷониби Ғарб муқобилат карда шавад.
Ӯ инчунин таъкид кард, ки Чин минбаъд низ принсипҳои ҳамкории бисёрҷонибаро риоя хоҳад кард ва низоми тиҷорати байналмилалиро дастгирӣ хоҳад намуд.
Дар мулоқот бо Си Ҷинпин дар Саммити тиҷоратии APEC, Путин ҳадафи муштараки Русия ва Чинро таъмини шукуфоӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором номид.
Муносибатҳои дуҷониба низ устуворанд: тиҷорати байни кишварҳо чанд сол пай дар пай аз 200 млрд доллар ба таври назаррас гузаштааст. Президент таъкид кард, ки имсол он низ афзоиш хоҳад ёфт.
Робитаҳои нақлиётӣ низ рушд мекунанд: пас аз ҷорӣ шудани низоми бидуни раводид, ҳаракати сайёҳӣ байни Русия ва Чин 43% афзоиш ёфтааст.
Дар навбати худ, Си Ҷинпин ҳамкориҳои байни Маскав ва Пекинро умедбахш номид ва аз амиқтар шудани он ҷонибдорӣ кард. Ӯ аз хоҳиши президенти Русия барои эҷоди ҷаҳони бисёрмарказӣ пуштибонӣ кард.
"Муносибатҳои Чин ва Русия мисли кӯҳ дар ҳама гуна мушкилот ва тӯфон устувор буданд ва устувор боқӣ мемонанд", - гуфт, Си Ҷинпин.
Вай ҷонибдори амиқсозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф ва аз хоҳиши раисиҷумҳури Русия барои ташаккули ҷаҳони бисёрмарказӣ пуштибонӣ кард.
Раҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқоти феълӣ бо раисиҷумҳури Русияро рамзӣ номид.
Рӯзҳои 18-19 ноябр дар Чин нишасти ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор мешавад.
Музокирот бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар қароргоҳи давлатии Килин Шанжуан баргузор шуд; онхо хамагй бештар аз ду соат давом карданд.
Сар аз аввали сол ин сеюмин мулоқоти шахсии Путин ва Си Ҷинпин аст. Дар ҳошиаи нишасти АРЕС, нахустин мулоқоти рӯбарӯ ва таърихии раҳбарони Русия, Чин ва Амрико Владимир Путин, Си Ҷинпин ва Доналд Трамп баргузор мешавад.