Боевая работа системы дистанционного минирования Земледелие группировки войск Центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВАО: Яке аз механизмҳои кумаки НАТО ба Киев амалан бекор мешавад

© Sputnik / Mikhail MarkivНациональный флаг Украины и флаг Организации Североатлантического договора
Национальный флаг Украины и флаг Организации Североатлантического договора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2026
Обуна шудан
Rapporteur: Бастаи кӯмаки ҳамаҷониба ба Украина қариб ки имконоти молии онро тамом кардааст
ДУШАНБЕ, 17 ноя -Sputnik. Бастаи кӯмаки ҳамаҷониба барои Украина, ки яке аз механизмҳои НАТО барои дастгирии Киев аст, пас аз даҳ сол қариб аз ҷиҳати молиявӣ коста шудааст ва аз 1,3 млрд еврои аввала бештар аз 100 млн евро боқӣ мондааст.
Дар ин бора, рӯзномаи "Reporter" бо истинод ба як мақоми НАТО гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки бастаи кӯмаки ҳамаҷониба барои Украина як механизми ҳамоҳангшудаи НАТО барои дастгирии дарозмуддат, сохторӣ ва ғайринизомӣ барои Киев мебошад.
Он соли 2016 оғоз ёфта, соли 2022 тағйир дода шуд.
"Дар даҳ соли охир, Бастаи кӯмаки ҳамаҷониба (CAP) барои дастгирии ғайринизомӣ маблағгузорӣ кардааст... Аммо, аз 1,3 млрд еврои аввала танҳо 100 млн боқӣ мондааст", - хабар медиҳад рӯзнома.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низ аз маблағгузории Украина худдорӣ мекунанд.
Авохири соли 2025, кишварҳои ИА дар бораи қарзи 90 млрд евроӣ ба Украина барои солҳои 2026-2027 тавассути қарзгирии муштарак розӣ шуданд. Ҷумҳурии Чех, Маҷористон ва Словакия аз иштирок дар маблағгузории он худдорӣ карданд.
Financial Times бо истинод ба номаи канслери Олмон Фридрих Мертс ба раиси Шӯрои Аврупо Антонио Коста, хабар дод, ки канслер таҳдид мекунад, ки агар ҳамаи кишварҳои узви ИА барои дастгирии молиявӣ ба Украина ӯҳдадор нашаванд, буҷаи нави ИА-ро барои солҳои 2028-2034 бозмедорад.
Флаги Украины и США у здания Капитолия в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ИМА қариб 65 млрд долларри барои Украина ҷудошударо пардохт накардааст
Русия бар ин назар аст, ки таъмини силоҳ ба Украина ба ҳалли низоъ халал мерасонад, кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба низоъ ҷалб мекунад ва "бозӣ бо оташ" аст.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли дорои силоҳ, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Кремл изҳор дошт, ки мусаллаҳ кардани Украина аз ҷониби Ғарб ба музокирот баръакс аст ва таъсири манфӣ хоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0