Боевая работа системы дистанционного минирования Земледелие группировки войск Центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Украина садҳо килограмм маводи таркандаро ба русиягиҳо додааст

© Sputnik / Дмитрий МакеевБойцы спецназа ФСБ.
Бойцы спецназа ФСБ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2026
Обуна шудан
Киев ба русҳои ҷалбшуда барои ҳамлаҳои террористӣ 700 килограмм маводи тарканда додааст
ДУШАНБЕ, 17 ноя -Sputnik. Хадамоти амнияти Украина ва хадамоти иктишофии низомии Украина беш аз 700 килограмм маводи таркандаро, ба русҳое, ки барои анҷом додани ҳамлаҳои террористии миқёси калон дар Русия ҷалб кардаанд, супурдаанд.
Сухан дар бораи ҳадди аққал 40 квадрокоптери ҳамлакунанда ва шаш гидроцикл меравад, хабар медиҳад, Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ).
ФСБ эълон кард, ки амалиёте, ки аз аввали соли ҷорӣ барои мубориза бо фаъолиятҳои террористии хадамоти махсуси Украина дар Русия идома дошт, бомуваффақият анҷом додааст.
"Дар ҷараёни амалиёт, ки аз ҷониби кормандони мақомоти амниятии Русия анҷом дода шуд, шароити назоратшаванда фароҳам оварда шуд, ки дар он шаҳрвандони Русия, ки аз ҷониби Сарраёсати иктишофии Вазорати мудофиаи Украина ва Хадамоти амнияти Украина ба кор ҷалб шудаанд, аз душман дар чанд марҳила беш аз 700 кг маводи тарканда ва шаш зарбаи реактивии истеҳсоли ғарбӣ гирифтанд", - омадааст дар хабарномаи ФСБ.
ФСБ қайд мекунад, ки ин афрод инчунин миқдори зиёди ҷузъҳои гуногун ва таҷҳизоти махсусро барои васл ва танзими дронҳои ҷангӣ "бо мақсади анҷом додани ҳамлаҳои террористии миқёси калон дар кишвари мо" гирифтаанд.
Боец подразделения спецназа ФСБ по Крыму. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ФСБ бо истифода FPV - айнакҳо ҳамлаҳои террористии Киевро хунсо кард
Ин дар ҳолест, ки пештар шаҳрвандии 7 нафар барои эҷоди хатар ба амнияти миллии Русия бекор карда шудааст.

Ин афрод зодагони Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ буда, ба хотири амалҳое, ки ба амнияти миллии Русия таҳдид мекунанд, аз шаҳрвандӣ маҳрум гардиданд, иттилоъ дод Хадамоти федералии амният - ФСБ.
Лентаи хабарҳо
0