https://sputnik.tj/20261117/tojikiston-ama-shahodatnoma-ronandagi-hamdigar-1082272667.html
Тоҷикистон ва АМА шаҳодатномаҳои ронандагии ҳамдигарро эътироф мекунанд
Тоҷикистон ва АМА шаҳодатномаҳои ронандагии ҳамдигарро эътироф мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва АМА дар Дубай ёддошт имзо карданд: шаҳодатномаҳои ронандагии шаҳрвандони ду кишвар мутақобилан эътироф ва иваз мешаванд
2026-11-17T19:07+0500
2026-11-17T19:07+0500
2026-11-17T19:07+0500
дар тоҷикистон
ама
рамазон раҳимзода
вазорати корҳои дохила
шаҳодатнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1a/1066723018_0:151:3106:1898_1920x0_80_0_0_9ec0b17be958f9fddfe324ed30eff6e9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя- Sputnik Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар Дубай ёддошти тафоҳум дар бораи эътирофи мутақобила ва табодули шаҳодатномаҳои ронандагиро имзо карданд.Санад дар ҳошияи Саммити ҷаҳонии полис ба имзо расид, ки дар он ҳайатҳо аз 110 кишвар ширкат доранд. Ёддошти тафоҳум дар бораи эътирофи мутақобила ва табодули шаҳодатномаҳои ронандагӣ дар шаҳри Дубай ба имзо расид.Онро вазорати корҳои дохилии ду кишвар баъд аз мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии АМА Шайх Сайф ибни Зоид Оли Наҳаён имзо карданд.Ба гуфтаи ҷонибҳо, санад расмиёти эътирофи шаҳодатномаҳои ронандагии шаҳрвандони ҳар ду давлатро содда мегардонад.Дар мулоқот инчунин ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ баррасӣ шуд.Ҷонибҳо ба Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм аз 17 марти соли 2016 такя карданд.Ҳайати Тоҷикистон бо даъвати ҷониби Аморот дар Саммити панҷуми ҷаҳонии полис ширкат дорад, ки 16–18 ноябр дар Маркази ҷаҳонии савдои Дубай мегузарад.Дар саммит намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 110 кишвар, аз ҷумла INTERPOL, EUROPOL, FBI ва сохторҳои СММ иштирок доранд ва беш аз 170 ширкат технологияҳои худро дар соҳаи амният муаррифӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20261017/qoida-sanjish-naqliyot-tojikiston-1081269524.html
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1a/1066723018_188:0:2919:2048_1920x0_80_0_0_5210eab94e9a770143e6002f74783a2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ама, рамазон раҳимзода, вазорати корҳои дохила, шаҳодатнома
дар тоҷикистон, ама, рамазон раҳимзода, вазорати корҳои дохила, шаҳодатнома
Тоҷикистон ва АМА шаҳодатномаҳои ронандагии ҳамдигарро эътироф мекунанд
Тоҷикистон ва АМА дар Дубай ёддошт имзо карданд: шаҳодатномаҳои ронандагии шаҳрвандони ду кишвар мутақобилан эътироф ва иваз мешаванд
ДУШАНБЕ, 17 ноя- Sputnik Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар Дубай ёддошти тафоҳум дар бораи эътирофи мутақобила ва табодули шаҳодатномаҳои ронандагиро имзо карданд.
Санад дар ҳошияи Саммити ҷаҳонии полис ба имзо расид, ки дар он ҳайатҳо аз 110 кишвар ширкат доранд. Ёддошти тафоҳум дар бораи эътирофи мутақобила ва табодули шаҳодатномаҳои ронандагӣ дар шаҳри Дубай ба имзо расид.
Онро вазорати корҳои дохилии ду кишвар баъд аз мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии АМА Шайх Сайф ибни Зоид Оли Наҳаён имзо карданд.
Ба гуфтаи ҷонибҳо, санад расмиёти эътирофи шаҳодатномаҳои ронандагии шаҳрвандони ҳар ду давлатро содда мегардонад.
Дар мулоқот инчунин ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ба Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо терроризм аз 17 марти соли 2016 такя карданд.
Ҳайати Тоҷикистон бо даъвати ҷониби Аморот дар Саммити панҷуми ҷаҳонии полис ширкат дорад, ки 16–18 ноябр дар Маркази ҷаҳонии савдои Дубай мегузарад.
Дар саммит намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз 110 кишвар, аз ҷумла INTERPOL, EUROPOL, FBI ва сохторҳои СММ иштирок доранд ва беш аз 170 ширкат технологияҳои худро дар соҳаи амният муаррифӣ мекунанд.