Интернет зери назорат:Ҷавононро аз таблиғоти экстремистӣ чӣ гуна ҳифз мекунанд

© Sputnik / / Nigohi AsrШкольники с телефонами на улице Душанбе.
Школьники с телефонами на улице Душанбе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2026
Обуна шудан
Мониторинги шабонарӯзӣ ва манъи интернет-кафе барои наврасон: Омбудсмени Тоҷикистон аз ҳифзи фазои иттилотӣ нақл кард
ДУШАНБЕ,17ноя -Sputnik. Дар Тоҷикистон интернети миллӣ шабонарӯзӣ мониторинг мешавад, наврасон шомгоҳон ба интернет-кафеҳо роҳ надоранд ва дар муассисаҳои таълимӣ истифодаи телефони мобилӣ манъ аст.
Дар бораи ин низоми ҳифзи фазои иттилоотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҷаласаи 11-уми Иттиҳодияи Авруосиёии Омбудсменҳо дар Маскав нақл кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар низоми бисёрсатҳаи давлатӣ бо назорати фаъоли рақамӣ ташаккул ёфтааст.
"Дар солҳои охир Тоҷикистон равиши систематикиро барои ҳифзи фазои иттилоотии худ нишон додааст ва ба ҳифзи насли ҷавон аз таъсири таблиғоти харобиовари экстремистӣ ва террористӣ дар муҳити рақамӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст", - гуфт Омбудсмен.
Бобозода таъкид кард, ки ин масъалаҳо ба сатҳи авлавиятҳои амнияти миллӣ бардошта шудаанд.
Ба шарофати талошҳои ҳамоҳанги мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар кишвар низоми бисёрсатҳаи амнияти киберӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ бунёд шудааст.
Қонунгузории миллӣ низ мунтазам такмил дода мешавад, то ба таҳдидҳои нави рақамӣ, аз қабили таҳқири киберӣ, мундариҷаи харобиовар ва ҷалби одамон ба гурӯҳҳои радикалӣ, муқовимат карда тавонад.
Тоҷикистон Стратегияи миллии мубориза бо экстремизм ва терроризмро амалӣ мекунад, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи иттилоот барои дарозмуддат муайян менамояд.
"Дар назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон як мақоми махсуси таҳлилӣ Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва ҷиноятҳои киберӣ таъсис дода шудааст ва бомуваффақият фаъолият мекунад. Он шабонарӯзӣ мониторинги интернети миллиро таъмин мекунад, таҳдидҳои кибериро муайян мекунад ва захираҳои зарароварро масдуд мекунад",- шарҳ дод Омбудсмен.
Заглушка к инфографике - Как изменился интернет в Таджикистане? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2026
Чӣ гуна интернет дар Тоҷикистон тағйир ёфт
Ба гуфтаи Бобозода, ҳифзи кӯдакону наврасон дар муҳити рақамӣ ба як қатор қонунҳо такя мекунад.
Нақши асосиро қонун дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи фарзанд, ки соли 2024 дар таҳрири нав қабул шудааст, мебозад: он масъулияти мустақими рафтори фарзандонро ба дӯши волидон мегузорад.
"Ин қонун соатҳои истифодаи интернетро танзим мекунад; ба наврасон ташриф овардан ба интернет-кафеҳо дар шомгоҳон ва шабона манъ аст. Ба донишҷӯён инчунин истифодаи телефонҳои мобилӣ дар дохили муассисаҳои таълимӣ аз ҷиҳати қонунӣ манъ аст", - гуфт ӯ.
Қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак қоидаҳои махсуси ҳифзи кӯдаконро аз иттилооте, ки ба саломатӣ ва рушди онҳо зарар мерасонад, муқаррар карда, мундариҷаи зараровари интернетро тасниф менамояд.
Илова бар ин, тибқи қонунҳо дар бораи иттилоот ва алоқа, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ салоҳият доранд захираҳои веберо, ки порнография, зӯроварӣ, бераҳмӣ ва маводи экстремистиро паҳн мекунанд ва ба равони ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд, назорат ва масдуд намоянд.
Лентаи хабарҳо
0