Умри якасра: низомиёни Русия дар Тоҷикистон собиқадори ҷангро табрик гуфтанд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкМедали на груди ветерана на военном параде в честь 76-й годовщины Победы в Великой Отечественной войне в Москве.
Медали на груди ветерана на военном параде в честь 76-й годовщины Победы в Великой Отечественной войне в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2026
Обуна шудан
Намояндагони идораи фармондеҳӣ аз собиқадори ҷанг барои шуҷоат ва фидокориаш дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори сипос карданд
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Хизматчиёни пойгоҳи низомии Русия дар Душанбе,собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бозор Нағзибекро бо 100-солагии зодрӯзаш табрик гуфтанд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ хабар дод.
Низомиён аз хонаи Нағзибек дар Душанбе дидан карда, ӯро аз номи фармондеҳӣ табрик гуфтанд ва ба ӯ гул, сухани табрикотӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд ва инчунин ба ӯ саломатии бардавом ва умри дароз орзу карданд.
© Foto / Пресс-служба ЦВОВоеннослужащие российской военной комендатуры Душанбе Центрального военного округа (ЦВО) поздравили в Таджикистане ветерана Великой Отечественной войны Бозора Нагзибекова, которому исполнилось 100 лет.
Военнослужащие российской военной комендатуры Душанбе Центрального военного округа (ЦВО) поздравили в Таджикистане ветерана Великой Отечественной войны Бозора Нагзибекова, которому исполнилось 100 лет.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2026
Намояндагони идораи фармондеҳӣ аз собиқадори ҷанг барои шуҷоат ва фидокориаш дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори сипос карданд. Дар рафти боздид, Ғайбулло Турсунов, сарояндаи ансамбли "Пости ҷанубӣ" аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, барои собиқадори ҷанг оҳангҳои ватандӯстона ва сурудҳои замони ҷангро иҷро кард.
Нағзибек, дар навбати худ, аз меҳмонон барои таваҷҷӯҳ ва нигарониашон самимона изҳори сипос кард ва ба онҳо "муваффақиятҳои бештар дар хидмат ва осмони ором"-ро орзу кард.
Нағзибек соли 1926 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ӯ посбонии корвонҳо ва интиқоли хӯрокворӣ, лавозимоти ҷангӣ ва либос буд. Ӯ дар тӯли ҷанг, аз Маскав то Берлин, хидмат кардааст. Соли 1947 ба Тоҷикистон баргашт, аз Академияи ҳизбӣ хатм кард, дар сохторҳои ҳизбӣ вазифаҳои гуногунро ишғол кард ва сипас ба кор дар хоҷагии халқ гузашт.
В Шахринаве открыт мемориал героям Великой Отечественной войны. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2026
Насби ёдгорӣ дар бораи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар яке аз макотиби шаҳри Душанбе
Айни замон ҳашт иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Тақрибан 80 коргари ақибгоҳ низ дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд. Дар давраи ҷанг тақрибан 300 000 нафар аз Тоҷикистон ба Артиши Сурх даъват карда шуданд. Тибқи маълумоти охирин, беш аз 90 000 нафар аз ҷабҳа барнагаштанд.
Тибқи иттилои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ, 56 000 нафар аз тоҷикистониён барои шуҷоат ва хидмати ҳарбиашон бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд. Панҷоҳу чаҳор сокини ҷумҳурӣ Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 21 нафар бо ордени Шӯҳрат мукофотонида шудаанд.
Тибқи маълумоти расмӣ, тақрибан 100 000 нафар аз минтақаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз амалиётҳои низомӣ осеб дида буданд, ба Тоҷикистон кӯчонида шудаанд. Ғайр аз ин, дар ин давра дар ҷумҳурӣ 29 беморхона фаъолият мекард, ки дар онҳо беш аз 100 000 нафар табобат гирифтанд, ки аксарияти онҳо ба фронт баргаштанд.
Лентаи хабарҳо
0