https://sputnik.tj/20261115/vkkh-rusiya-sharh-zelenskiy-maskav-nameoyad-1082190919.html
ВКХ Русия шарҳ дод, ки чаро Зеленский ба Маскав намеояд.
ВКХ Русия шарҳ дод, ки чаро Зеленский ба Маскав намеояд.
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Русия борҳо изҳор доштанд, ки президент Путин ҳеҷ гоҳ аз гуфтушунид бо Зеленский саркашӣ накардааст ва агар ӯ ба Маскав биёяд, амнияти ӯ пурра таъмин карда мешавад.
2026-11-15T16:10+0500
2026-11-15T16:10+0500
2026-11-15T16:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
украина
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/1e/1081672224_73:402:2999:2048_1920x0_80_0_0_527126aa74d49c44bfedf4e7e7413ea8.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Владимир Зеленский барои гуфтушунид ба Маскав сафар намекунад, эҳтимол аз он сабаб, ки ӯ барои гуфтушунидҳои ҷиддӣ омода нест ё иҷозати Ғарбро надорад.Дар ин бора Марат Бердиев, сафири махсуси Вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба G20 ва APEC изщор дошт.Президенти Русия Владимир Путин борҳо изҳор доштааст, ки агар Зеленский барои муколама омода бошад, метавонад ба Маскав биёяд. Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия, инчунин қайд кард, ки мавқеи Русия дар бораи имкони мулоқоти Путин ва Зеленский маълум аст. Агар ӯ хоҳад, раҳбари режими Киев метавонад ба пойтахти Русия биёяд — кафолатҳои амниятӣ дода мешаванд. Ғайр аз ин, Зеленский хуб медонад, ки кадом қарорҳо бояд қабул карда шаванд, гуфт сухангӯи Кремл.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қаблан даъвати Зеленскийро барои омадан ба Маскав барои музокирот ҳамчун нишонаи ҳусни нияти Русия тавсиф карда буд.Кремль инчунин хабар дод, ки президенти Русия Владимир Путин ҳеҷ гоҳ аз музокирот даст накашидааст ва омода аст, ки дар сурати рух додани чунин музокирот аз Зеленский занги телефонӣ қабул кунад. Ба гуфтаи Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, Зеленский тавассути манбаъҳои гуногун омодагии худро барои муколама бо Путин нишон додааст.
https://sputnik.tj/20261115/peskov-maskav-baroi-guruhi-muzokiroti-avrupoi-shart-nameguzorad-1082184176.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/1e/1081672224_386:338:2666:2048_1920x0_80_0_0_72e1b66da2aafd85047826f803a78a7d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, украина, музокирот
дар русия, украина, музокирот
ВКХ Русия шарҳ дод, ки чаро Зеленский ба Маскав намеояд.
Мақомоти Русия борҳо изҳор доштанд, ки президент Путин ҳеҷ гоҳ аз гуфтушунид бо Зеленский саркашӣ накардааст ва агар ӯ ба Маскав биёяд, амнияти ӯ пурра таъмин карда мешавад.
ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Владимир Зеленский барои гуфтушунид ба Маскав сафар намекунад, эҳтимол аз он сабаб, ки ӯ барои гуфтушунидҳои ҷиддӣ омода нест ё иҷозати Ғарбро надорад.
Дар ин бора Марат Бердиев, сафири махсуси Вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба G20 ва APEC изщор дошт.
"Мо Владимир Зеленскийро борҳо ба Маскав даъват кардаем. Ӯ намеравад. Аён аст, ки ӯ барои гуфтушунидҳои ҷиддӣ омода нест. Ё роҳбарони ғарбии ӯ ба ин иҷозат намедиҳанд", - гуфт дипломат дар мусоҳиба бо РИА “Новости”.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо изҳор доштааст, ки агар Зеленский барои муколама омода бошад, метавонад ба Маскав биёяд. Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия, инчунин қайд кард, ки мавқеи Русия дар бораи имкони мулоқоти Путин ва Зеленский маълум аст. Агар ӯ хоҳад, раҳбари режими Киев метавонад ба пойтахти Русия биёяд — кафолатҳои амниятӣ дода мешаванд. Ғайр аз ин, Зеленский хуб медонад, ки кадом қарорҳо бояд қабул карда шаванд, гуфт сухангӯи Кремл.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қаблан даъвати Зеленскийро барои омадан ба Маскав барои музокирот ҳамчун нишонаи ҳусни нияти Русия тавсиф карда буд.
Кремль инчунин хабар дод, ки президенти Русия Владимир Путин ҳеҷ гоҳ аз музокирот даст накашидааст ва омода аст, ки дар сурати рух додани чунин музокирот аз Зеленский занги телефонӣ қабул кунад. Ба гуфтаи Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, Зеленский тавассути манбаъҳои гуногун омодагии худро барои муколама бо Путин нишон додааст.