https://sputnik.tj/20261115/tojikiston-istehsoli-angishtro-afzoish-dodaast-1082194077.html
Тоҷикистон истеҳсоли ангиштро афзоиш додааст
Тоҷикистон истеҳсоли ангиштро афзоиш додааст
Sputnik Тоҷикистон
Нақшаи истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон барои соли ҷорӣ наздики 3,1 млн тон муқаррар шудааст ва то расидан ба ин сатҳ бояд 800 ҳазор тоннаи дигар истеҳсол шавад.
2026-11-15T17:45+0500
2026-11-15T17:45+0500
2026-11-16T01:45+0500
дар тоҷикистон
ангишт
истеҳсол
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102452/64/1024526422_209:430:3000:2000_1920x0_80_0_0_03000eecdb5627e46e0d3344f304c8a5.jpg
ДУШАНБЕ, 15 ноя - Sputnik. Тоҷикистон истеҳсоли ангиштро то аввали октябри соли ҷорӣ 17% афзоиш додааст.Ба гузориши Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҷумҳурӣ дар 9 моҳи соли 2026 ҳудуди 2,3 млн тонна ангишт истеҳсол кардааст.Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 344 ҳазор тонна зиёд буда, 117 фоизро ташкил додааст.Таъкид шудааст, ки дар дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 21 корхона ангишт истихроҷ мегардад. Нақшаи истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон барои соли ҷорӣ наздики 3,1 млн тон муқаррар шудааст ва то расидан ба ин сатҳ бояд 800 ҳазор тоннаи дигар истеҳсол шавад.Ин дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта беш аз 9% зиёдтар аст, омадааст дар дурнамои тасдиқкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ.Барои рушди соҳа ва муаррифии имконоти ин самт ба гузориши Вазорати саноат, моҳи декабр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии саноати ангишти Тоҷикистон баргузор мегардад.Ба иттилои манбаъ, ин форум нахустин маротиба дар мамлакат доир мегардад.Ҳадафи баргузории он рушди саноати ангишт, ҷалби сармоя, истифодаи технологияҳои муосир ва баррасии захираҳои ангишти кишвар мебошад.
https://sputnik.tj/20260331/shahr-isfara-kon-angisht-1076501842.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102452/64/1024526422_302:0:2969:2000_1920x0_80_0_0_ee52aa9418c4294d72b41b56c5f2ea1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ангишт, истеҳсол, саноат
дар тоҷикистон, ангишт, истеҳсол, саноат
Тоҷикистон истеҳсоли ангиштро афзоиш додааст
17:45 15.11.2026 (Навсозишуда: 01:45 16.11.2026) Нақшаи истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон барои соли ҷорӣ наздики 3,1 млн тон муқаррар шудааст ва то расидан ба ин сатҳ бояд 800 ҳазор тоннаи дигар истеҳсол шавад.
ДУШАНБЕ, 15 ноя - Sputnik. Тоҷикистон истеҳсоли ангиштро то аввали октябри соли ҷорӣ 17% афзоиш додааст.
Ба гузориши Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ҷумҳурӣ дар 9 моҳи соли 2026 ҳудуди 2,3 млн тонна ангишт истеҳсол кардааст.
Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 344 ҳазор тонна зиёд буда, 117 фоизро ташкил додааст.
Таъкид шудааст, ки дар дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 21 корхона ангишт истихроҷ мегардад.
Нақшаи истеҳсоли ангишт дар Тоҷикистон барои соли ҷорӣ наздики 3,1 млн тон муқаррар шудааст ва то расидан ба ин сатҳ бояд 800 ҳазор тоннаи дигар истеҳсол шавад.
Ин дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта беш аз 9% зиёдтар аст, омадааст дар дурнамои тасдиқкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ.
Барои рушди соҳа ва муаррифии имконоти ин самт ба гузориши Вазорати саноат, моҳи декабр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии саноати ангишти Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ба иттилои манбаъ, ин форум нахустин маротиба дар мамлакат доир мегардад.
Ҳадафи баргузории он рушди саноати ангишт, ҷалби сармоя, истифодаи технологияҳои муосир ва баррасии захираҳои ангишти кишвар мебошад.