Ҷорӣ кардани рубли рақамӣ дар Русия ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир надорад - БМТ

© Sputnik / Пелагия ТихоноваЦифровой рубль.
Цифровой рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар шарҳи таъсири рубли рақамӣ ба иқтисодиёт ва низоми бонкии Тоҷикистон, БМТ таъкид кард, ки таъсири назаррас нахоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Ҷорӣ шудани рубли рақамӣ худ аз худ ҳаҷм ё сохтори савдои байни Тоҷикистон ва Русияро тағйир намедиҳад.
Дар ин марҳила он ба ҳисоббаробаркуниҳои дохилии Федератсияи Русия нигаронида шудааст, гуфтанд аз Бонки миллии Тоҷикистон ба Спутник Тоҷикистон
Ба иттилои ин ниҳод, ҳаҷми савдои хориҷӣ пеш аз ҳама аз талаботу пешниҳод, ҳаҷми истеҳсолот, нархҳо, логистика, сиёсати гумрукӣ, қурби асъор ва дигар омилҳои иқтисодӣ вобаста мебошад.
"Аҳаммият ва таъсири рубли рақамӣ барои Тоҷикистон дар оянда аз имконияти истифодаи он дар пардохтҳои фаромарзӣ ва сатҳи ҳамгироии инфрасохторҳои пардохтии ҳарду кишвар вобаста хоҳад буд",- афзуд БМТ.
Дар шарҳи таъсири рубли рақамӣ ба иқтисодиёт ва низоми бонкии Тоҷикистон, БМТ таъкид кард, ки таъсири назаррас нахоҳад дошт.
"Таъсири эҳтимолии рубли рақамӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар оянда аз рушди механизмҳои истифодаи фаромарзии CBDC, заминаи ҳуқуқию танзимӣ ва сатҳи ҳамгироии инфрасохтори пардохтии кишварҳо вобаста хоҳад буд", - афзуд манбаъ.
Қаблан Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар нишасте дар посух ба пурсиши Спутник Тоҷикистон гуфт, ки гузариш ба рубли рақамӣ як тарҳи озмоишӣ барои Русия ва таҷрибае омӯзанда барои шарикони ин кишвар аст.
“Мо низ умедворем, ки ин низоми нав натиҷаҳои мусбат ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Аз ҳамин рӯ, мо ин равандро пайгирӣ мекунем ва дар назар дорем, ки дар ин замина низ фаъолият кунем”, - гуфт ӯ.
Рубли рақамӣ чист ва чаро он зарур аст? - андешаи коршинос   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2026
Рубли рақамӣ чист ва чаро он зарур аст? - андешаи коршинос
Толибзода таъкид кард, ки ин раванд ҳеч тағйире дар интиқоли маблағҳо эҷод нахоҳад кард ва ҳеч таъсире бар интиқолҳои молиявӣ аз Русия нахоҳад дошт.
“Чӣ пули нақдӣ бошад, чӣ рақамӣ ва чӣ ғайринақдӣ, гардиши пул идома хоҳад дошт; пул меояду пул меравад”, - гуфт ӯ.
Иҷрои густардаи барномаи гузариш ба рубли рақамӣ нахуст дар бонкҳои бузург оғоз хоҳад шуд ва дар солҳои баъдӣ дигар бонкҳо ва ҳамчунин соҳибкорони миёна ва хурд тадриҷан ба ин низом хоҳанд пайваст.
Лентаи хабарҳо
0