Оверчук пешниҳод кард, ки Афғонистон бо ИИАО робита барқарор кунад

© Sputnik / Валерий Шарифулин / POOL / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук и премьер-министр Исламского Эмирата Афганистан Хасан Ахунд во время встречи в президентском дворце Арг в Кабуле.
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук и премьер-министр Исламского Эмирата Афганистан Хасан Ахунд во время встречи в президентском дворце Арг в Кабуле.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2026
Обуна шудан
Муовини сарвазири Русия қайд кард, ки ҳайати Русия беш аз 70 намояндаи ширкатҳои русиро дар бар мегирад, ки омодаанд дар Афғонистон кор кунанд
ДУШАНБЕ, 14 ноябр — Sputnik. Муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук пешниҳод кард, ки Афғонистон бо Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИА) ҳамкорӣ барқарор кунад.
"Мо пешниҳод дорем, ки бо Комиссияи иқтисодии АвруОсиё робита барқарор кунем", - гуфт ӯ дар мулоқот бо сарвазири Толибон* Ҳасан Охунд.
Ӯ афзуд, ки масъалаҳои марбут ба танзимоти техникӣ ва стандартҳо - ҳамаи ин масъалаҳо ба сатҳи фаромиллӣ, дар доираи ИИАО, бардошта шудаанд, хабар медиҳад ТАСС.
Оверчук қайд кард, ки ҳайати Русия беш аз 70 намояндаи ширкатҳои русиро дар бар мегирад, ки мехоҳанд дар Афғонистон кор кунанд.
"Мо аз шумо барои он ки ба тиҷорати мо имкони боздид аз кишвари шумо, барқарор кардани тамос ва барқарор кардани муносибатҳоро фароҳам овардед, ташаккур мегӯем", - хулоса кард муовини сарвазири Русия.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё як мақоми доимии танзимкунандаи фаврии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад, ки фаъолияти худро соли 2012 оғоз кардааст.
Заседание ВЕЭС под председательством президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2026
ИИАО созишномаҳои нави тиҷорати озодро бо чор кишвар баррасӣ мекунад
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2015 самаранокии вуруд ба ИИАО-ро меомӯзад.

Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба таҳкими муносибот дар дохили созмон таъкид намуд.

Дар миёнаҳои август вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба ИИАО таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад. Вай таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро дар мисоли Қирғизистону Арманистон баррасӣ мекунанд.
*- Созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0