https://sputnik.tj/20261114/nizomiyon-rusiya-kudakon-niyozmand-khatlon-1082168720.html
Низомиёни Русия ба кӯдакони ниёзманди вилояти Хатлон кумак карданд
Низомиёни Русия ба кӯдакони ниёзманди вилояти Хатлон кумак карданд
Sputnik Тоҷикистон
Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба маркази барқарорсозии кӯдакон маводи ғизоӣ бурданд
2026-11-14T11:17+0500
2026-11-14T11:17+0500
2026-11-14T11:21+0500
пойгоҳи 201
кӯмаки башардӯстона
русия
дар тоҷикистон
маводи ғизоӣ
кӯдакон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0d/1082156439_0:19:3091:1758_1920x0_80_0_0_77d5d81e1f5778a5421510ccb6b29078.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноябр — Sputnik. Кормандони низомии Русия ба Маркази барқарорсозии кӯдаконаи "Ғамхор" дар Тоҷикистон кумаки башардӯстона расониданд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии пойгоҳи низомии 201 - ум хабар додааст.Гуфта мешавад, ки хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-уми гвардияи ноҳияи марказӣ, ба Маркази барқарорсозии кӯдакони дорои ниёзҳои махсуси "Ғамхор", ки дар вилояти Хатлон ҷойгир аст, кумаки башардӯстона расониданд.Роҳбарияти марказ барои сокинон бастаҳои хӯрокворӣ дархост кардааст.Дар рафти боздид, хизматчиёни ҳарбӣ инчунин барои кӯдакон дарсҳои бехатарии ҳаёт ва бехатарии роҳ гузарониданд ва ба саволҳои онҳо посух додаанд.Расондани кумаки башардӯстона яке аз самтҳои ҳамкории иҷтимоии байни хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-ум ва сокинони Тоҷикистон мебошад.Чунин ташаббусҳо мунтазаманд ва ба таҳкими ҳамкорӣ ва тафоҳум мусоидат мекунанд. Низомиёни Русия собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистонро ба милодаш табрик кардандПойгоҳи низомии 201-уми гвардия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир аст, бузургтарин иншооти низомии Русия берун аз марзҳои он мебошад. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.Он аз милтиқи моторӣ, танк, артиллерия, разведка, дифоъи ҳавоӣ ва воҳидҳои алоқа иборат аст.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0d/1082156439_181:0:2912:2048_1920x0_80_0_0_883647ba6f66a5ebbf7afb0c43ee18e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пойгоҳи 201, кӯмаки башардӯстона, русия, дар тоҷикистон, маводи ғизоӣ, кӯдакон
пойгоҳи 201, кӯмаки башардӯстона, русия, дар тоҷикистон, маводи ғизоӣ, кӯдакон
Низомиёни Русия ба кӯдакони ниёзманди вилояти Хатлон кумак карданд
11:17 14.11.2026 (Навсозишуда: 11:21 14.11.2026) Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба маркази барқарорсозии кӯдакон маводи ғизоӣ бурданд
ДУШАНБЕ, 14 ноябр — Sputnik. Кормандони низомии Русия ба Маркази барқарорсозии кӯдаконаи "Ғамхор" дар Тоҷикистон кумаки башардӯстона расониданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии пойгоҳи низомии 201 - ум хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-уми гвардияи ноҳияи марказӣ, ба Маркази барқарорсозии кӯдакони дорои ниёзҳои махсуси "Ғамхор", ки дар вилояти Хатлон ҷойгир аст, кумаки башардӯстона расониданд.
Роҳбарияти марказ барои сокинон бастаҳои хӯрокворӣ дархост кардааст.
"Хизматчиёни ҳарбӣ ба кӯдакон ашёи зарурӣ, аз ҷумла гӯшт, сабзавот, ғалладонагиҳо, орд ва шакар расониданд", - омадааст дар хабарнома.
Дар рафти боздид, хизматчиёни ҳарбӣ инчунин барои кӯдакон дарсҳои бехатарии ҳаёт ва бехатарии роҳ гузарониданд ва ба саволҳои онҳо посух додаанд.
Расондани кумаки башардӯстона яке аз самтҳои ҳамкории иҷтимоии байни хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-ум ва сокинони Тоҷикистон мебошад.
Чунин ташаббусҳо мунтазаманд ва ба таҳкими ҳамкорӣ ва тафоҳум мусоидат мекунанд.
Пойгоҳи низомии 201-уми гвардия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир аст, бузургтарин иншооти низомии Русия берун аз марзҳои он мебошад. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
Он аз милтиқи моторӣ, танк, артиллерия, разведка, дифоъи ҳавоӣ ва воҳидҳои алоқа иборат аст.