https://sputnik.tj/20261114/bulghoriston-artish-kiev-khuddori-kard-1082176084.html
Булғористон аз интиқоли силоҳ ба Украина худдорӣ кард
Булғористон аз интиқоли силоҳ ба Украина худдорӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазир Радев: Булғористон аз захираҳои артиши худ ба Киев силоҳ нахоҳад дод
2026-11-14T17:32+0500
2026-11-14T17:32+0500
2026-11-14T17:32+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
булғористон
иттиҳоди аврупо
аслиҳа
худдорӣ
артиш
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1c/1073359753_0:182:3091:1921_1920x0_80_0_0_e64a84bed972f3d844478bd2bb0f7637.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноябр — Sputnik. Сарвазири Булғористон Румен Радев эълон кард, ки ҳукумати Булғористон дигар аз захираҳои артиши кишвар ба Киев силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ намедиҳад.Дар ин бора, хабаргузории БТА гузориш додааст.Радев таъкид карда, ки дар шароити кунунӣ Булғористон бинобар мушкилоти "захираҳои молиявии" худ наметавонад ба Украина кумаки молӣ расонад.Сиёсатмадор афзуд, ки Булғористон ба дигар кишварҳои ИА дар расонидани кумаки молӣ ба Украина монеъ намешавад.Радев қаблан эътироф карда буд, ки Булғористон барои маблағгузории Украина маблағи кофӣ надорад.Русия бар ин назар аст, ки таъмини силоҳ ба Украина ба ҳалли низоъ халал мерасонад, кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба низоъ ҷалб мекунад ва "бозӣ бо оташ" аст.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли дорои силоҳ, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Кремл изҳор дошт, ки мусаллаҳ кардани Украина аз ҷониби Ғарб ба музокирот таъсири баръакс дорад ва пайомади манфӣ хоҳад дошт.Ёдовар мешавем, ки авохири соли 2025, кишварҳои ИА дар бораи қарзи 90 млрд евроӣ ба Украина барои солҳои 2026-2027 тавассути қарзгирии муштарак розӣ шуданд. Ҷумҳурии Чех, Маҷористон ва Словакия аз иштирок дар маблағгузории он худдорӣ карданд.Financial Times бо истинод ба номаи канслери Олмон Фридрих Мертс ба раиси Шӯрои Аврупо Антонио Коста, хабар дод, ки канслер таҳдид мекунад, ки агар ҳамаи кишварҳои узви ИА барои дастгирии молиявӣ ба Украина ӯҳдадор нашаванд, буҷаи нави ИА-ро барои солҳои 2028-2034 бозмедорад.
https://sputnik.tj/20261114/ima-ukraina-qarib-65-mlrd-dollar-1082169862.html
булғористон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1c/1073359753_360:0:3091:2048_1920x0_80_0_0_a49fe509071fc13c2b6c84765a736d43.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
булғористон, иттиҳоди аврупо, аслиҳа, худдорӣ, артиш, украина
булғористон, иттиҳоди аврупо, аслиҳа, худдорӣ, артиш, украина
Булғористон аз интиқоли силоҳ ба Украина худдорӣ кард
Сарвазир Радев: Булғористон аз захираҳои артиши худ ба Киев силоҳ нахоҳад дод
ДУШАНБЕ, 14 ноябр — Sputnik. Сарвазири Булғористон Румен Радев эълон кард, ки ҳукумати Булғористон дигар аз захираҳои артиши кишвар ба Киев силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ намедиҳад.
Дар ин бора, хабаргузории БТА гузориш додааст.
Радев таъкид карда, ки дар шароити кунунӣ Булғористон бинобар мушкилоти "захираҳои молиявии" худ наметавонад ба Украина кумаки молӣ расонад.
Сиёсатмадор афзуд, ки Булғористон ба дигар кишварҳои ИА дар расонидани кумаки молӣ ба Украина монеъ намешавад.
"Мо дигар аз захираҳои артиши Булғористон силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ намедиҳем", - гуфтааст Румен Радев.
Радев қаблан эътироф карда буд, ки Булғористон барои маблағгузории Украина маблағи кофӣ надорад.
Русия бар ин назар аст, ки таъмини силоҳ ба Украина ба ҳалли низоъ халал мерасонад, кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба низоъ ҷалб мекунад ва "бозӣ бо оташ" аст.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли дорои силоҳ, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Кремл изҳор дошт, ки мусаллаҳ кардани Украина аз ҷониби Ғарб ба музокирот таъсири баръакс дорад ва пайомади манфӣ хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки авохири соли 2025, кишварҳои ИА дар бораи қарзи 90 млрд евроӣ ба Украина барои солҳои 2026-2027 тавассути қарзгирии муштарак розӣ шуданд. Ҷумҳурии Чех, Маҷористон ва Словакия аз иштирок дар маблағгузории он худдорӣ карданд.
Financial Times бо истинод ба номаи канслери Олмон Фридрих Мертс ба раиси Шӯрои Аврупо Антонио Коста, хабар дод, ки канслер таҳдид мекунад, ки агар ҳамаи кишварҳои узви ИА барои дастгирии молиявӣ ба Украина ӯҳдадор нашаванд, буҷаи нави ИА-ро барои солҳои 2028-2034 бозмедорад.