https://sputnik.tj/20261113/namoishgohi-tojikiston-2026-dushanbe-video-1082144852.html
Шарикон аз Русия то Эрон: Намоишгоҳи "Тоҷикистон-2026" дар Душанбе чӣ гуна гузашт: Видео
Шарикон аз Русия то Эрон: Намоишгоҳи "Тоҷикистон-2026" дар Душанбе чӣ гуна гузашт: Видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалӣ ҷараён дорад
2026-11-13T16:33+0500
2026-11-13T16:33+0500
2026-11-13T16:36+0500
видео
душанбе
намоишгоҳ
намоишгоҳ-ярмарка
байналмилалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0d/1082141542_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_f60cd96dcb9b2fd36257a1ba49238577.jpg
Аз 12 то 14 ноябри соли 2026 дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи "Душанбе Экспо"-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2026" баргузор мегардад, ки аз ҷониби Палатаи савдои кишвар бо дастгирии Ҳукумат ташкил карда шудааст.Иштирокчиён маҳсулот, таҷҳизот ва технологияҳои муосирро дар бахшҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва сабук, сохтмон, тиб, IT ва телекоммуникатсия, нақлиёту логистика, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар соҳаҳои саноат муаррифӣ мекунанд.Ба пайдо кардани шарикони нави тиҷоратӣ ва бастани шартномаҳои ба ҳамдигар судбахш диққати махсус дода шудааст.Ба гуфтаи муовини сардори Палатаи савдо ва саноати ҶТ Ҳайдар Раҷабзода, ҳадафи ин чорабинӣ фароҳам овардани шароити мусоид ва таъсиси платформа барои ёфтани шарикони тиҷоратӣ, барқарор кардани робитаҳои нав ва имзои мебошад.Дар намоишгоҳ ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қирғизистон, Узбакистон, Эрон, Покистон ва Чин ширкат мекунанд.Муовини директори ташкилоти "Маркази дастгирии содироти вилояти Омск Светлана Утюганова гуфт, аз вилояти Омс дар ғурфаи вилояти Хатлон маҳсулоти панҷ ширкат пешниҳод шудааст.Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар ҳар як кишвар намояндагони Вазорати саноат ва тиҷорати Русия доранд ва ҳадафашон дарки ниёзҳои кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.Барои гирифтани маълумот дар бораи ҳадафҳои асосии чорабинӣ ва маҳсулот ва хидматҳои намоишӣ, видеои Sputnik Тоҷикистонро тамошо кунед.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0d/1082141542_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_156c7c0e4734b11575b5830c8487ee04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, душанбе, намоишгоҳ, намоишгоҳ-ярмарка, байналмилалӣ, видео
видео, душанбе, намоишгоҳ, намоишгоҳ-ярмарка, байналмилалӣ, видео
Шарикон аз Русия то Эрон: Намоишгоҳи "Тоҷикистон-2026" дар Душанбе чӣ гуна гузашт: Видео
16:33 13.11.2026 (Навсозишуда: 16:36 13.11.2026) Дар Душанбе намоишгоҳ ва ярмаркаи байналмилалӣ ҷараён дорад ап пойтахти Тоҷикистон мизбони меҳмонон аз кишварҳои гуногун шуд
Аз 12 то 14 ноябри соли 2026 дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи "Душанбе Экспо"-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2026" баргузор мегардад, ки аз ҷониби Палатаи савдои кишвар бо дастгирии Ҳукумат ташкил карда шудааст.
Иштирокчиён маҳсулот, таҷҳизот ва технологияҳои муосирро дар бахшҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва сабук, сохтмон, тиб, IT ва телекоммуникатсия, нақлиёту логистика, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар соҳаҳои саноат муаррифӣ мекунанд.
Ба пайдо кардани шарикони нави тиҷоратӣ ва бастани шартномаҳои ба ҳамдигар судбахш диққати махсус дода шудааст.
Ба гуфтаи муовини сардори Палатаи савдо ва саноати ҶТ Ҳайдар Раҷабзода, ҳадафи ин чорабинӣ фароҳам овардани шароити мусоид ва таъсиси платформа барои ёфтани шарикони тиҷоратӣ, барқарор кардани робитаҳои нав ва имзои мебошад.
"Мо бо Эрон, Русия, Узбекистон фаъолона ҳамкорӣ мекунам ва аллакай бо Қирғизистон шарикӣ барқарор кардаем", - гуфт ӯ дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Дар намоишгоҳ ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қирғизистон, Узбакистон, Эрон, Покистон ва Чин ширкат мекунанд.
Муовини директори ташкилоти "Маркази дастгирии содироти вилояти Омск Светлана Утюганова гуфт, аз вилояти Омс дар ғурфаи вилояти Хатлон маҳсулоти панҷ ширкат пешниҳод шудааст.
"Ин ширкатҳо соҳаҳои гуногунро дар бар мегиранд, аз ҷумла ширкате бо таҷҳизоти истеҳсоли яхмос ва хӯрокворӣ, ширкате ки бастабандӣ ва зарфҳои пластикӣ истеҳсол мекунад. Барои фаҳмидани он, ки кадом ширкатҳо метавонанд маҳсулоти худро дар ин ҷо муаррифӣ кунанд, мо бо иштироки намояндаи тиҷорӣ чорабинӣ баргузор кардем", - шарҳ дод намояндаи Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар ҳар як кишвар намояндагони Вазорати саноат ва тиҷорати Русия доранд ва ҳадафашон дарки ниёзҳои кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.
Барои гирифтани маълумот дар бораи ҳадафҳои асосии чорабинӣ ва маҳсулот ва хидматҳои намоишӣ, видеои Sputnik Тоҷикистонро тамошо кунед.