https://sputnik.tj/20261112/vao-kishvar-ia-qarz-nav-ba-ukraina-1082070027.html
ВАО: Бархе аз кишварҳои ИА метавонанд аз додани қарзҳои нав ба Украина даст кашанд
ВАО: Бархе аз кишварҳои ИА метавонанд аз додани қарзҳои нав ба Украина даст кашанд
Sputnik Тоҷикистон
ВАО: ИА метавонад ба кишварҳо иҷозат диҳад, ки аз қарзи нав ба Украина даст кашанд
2026-11-12T13:02+0500
2026-11-12T13:02+0500
2026-11-12T13:32+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
қарздиҳӣ
украина
иттиҳоди аврупо
аврупо
иҷозат
кишварҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/17/1081451337_0:151:3072:1879_1920x0_80_0_0_803648af59eddf5075cc123aaa743e85.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноябр — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо метавонад ба кишварҳои норозӣ иҷозат диҳад, ки аз қарзи нави 45 млрд евро барои Украина даст кашанд.Дар ин бора, як манбаи дипломатии аврупоӣ ба рӯзномаи "Известия" гуфтааст.Ин манбаъ инчунин таъкид карда, ки роҳбарони Иттиҳоди Аврупо маблағгузории Украинаро барои соли оянда 12-13 ноябр баррасӣ хоҳанд кард.Дар ин санаҳо нишасти Дублин ва нишасти ғайрирасмии Иттиҳоди Аврупо баргузор мешаванд. Панҷоҳ раҳбари аврупоӣ дар ин чорабинӣ ширкат хоҳанд кард.Ба гуфтаи ӯ, Булғористон, Маҷористон, Словакия ва Ҷумҳурии Чех метавонанд аз иштирок дар қарзи нав ба Украина озод карда шаванд.Ғайр аз ин, Пекка Товери, раиси Кумитаи ҳамкории парлумонии ИА ва Украина дар Парлумони Аврупо, ба "Известия" гуфт, ки барои тасдиқи қарз дастгирии ҳамаи 27 кишвари узви ИА лозим нест. Ӯ қайд кард, ки муҳимтарин чиз ин аст, ки касе қарзро бознадорад.Дар охири соли 2025, кишварҳои ИА дар бораи қарзи 90 млрд евроӣ ба Украина барои солҳои 2026-2027 тавассути қарзгирии муштарак розӣ шуданд. Ҷумҳурии Чех, Маҷористон ва Словакия аз иштирок дар маблағгузории он худдорӣ карданд.Пештар, Financial Times бо истинод ба номаи канслери Олмон Фридрих Мертс ба раиси Шӯрои Аврупо Антонио Коста, хабар дод, ки канслер таҳдид мекунад, ки агар ҳамаи кишварҳои узви ИА барои дастгирии молиявӣ ба Украина ӯҳдадор нашаванд, буҷаи нави ИА-ро барои солҳои 2028-2034 бозмедорад.
https://sputnik.tj/20261017/kiev-dollar-pardokht-kunad-1081285573.html
украина
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/17/1081451337_296:0:3027:2048_1920x0_80_0_0_03564788a3dd1ea133fd21d91959d6a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарздиҳӣ, украина, иттиҳоди аврупо, аврупо, иҷозат, кишварҳо
қарздиҳӣ, украина, иттиҳоди аврупо, аврупо, иҷозат, кишварҳо
ВАО: Бархе аз кишварҳои ИА метавонанд аз додани қарзҳои нав ба Украина даст кашанд
13:02 12.11.2026 (Навсозишуда: 13:32 12.11.2026) ВАО: ИА метавонад ба кишварҳо иҷозат диҳад, ки аз қарзи нав ба Украина даст кашанд
ДУШАНБЕ, 12 ноябр — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо метавонад ба кишварҳои норозӣ иҷозат диҳад, ки аз қарзи нави 45 млрд евро барои Украина даст кашанд.
Дар ин бора, як манбаи дипломатии аврупоӣ ба рӯзномаи "Известия" гуфтааст.
Ин манбаъ инчунин таъкид карда, ки роҳбарони Иттиҳоди Аврупо маблағгузории Украинаро барои соли оянда 12-13 ноябр баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ин санаҳо нишасти Дублин ва нишасти ғайрирасмии Иттиҳоди Аврупо баргузор мешаванд. Панҷоҳ раҳбари аврупоӣ дар ин чорабинӣ ширкат хоҳанд кард.
"Агар созиш дар бораи қарз ба даст наояд, музокирот дар нишасти оянда, ки 26-27 ноябр баргузор мешавад, идома хоҳад ёфт. Эҳтимол дорад, ки кишварҳои норозӣ аз қарзи нав даст кашанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, Булғористон, Маҷористон, Словакия ва Ҷумҳурии Чех метавонанд аз иштирок дар қарзи нав ба Украина озод карда шаванд.
Ғайр аз ин, Пекка Товери, раиси Кумитаи ҳамкории парлумонии ИА ва Украина дар Парлумони Аврупо, ба "Известия" гуфт, ки барои тасдиқи қарз дастгирии ҳамаи 27 кишвари узви ИА лозим нест. Ӯ қайд кард, ки муҳимтарин чиз ин аст, ки касе қарзро бознадорад.
Дар охири соли 2025, кишварҳои ИА дар бораи қарзи 90 млрд евроӣ ба Украина барои солҳои 2026-2027 тавассути қарзгирии муштарак розӣ шуданд. Ҷумҳурии Чех, Маҷористон ва Словакия аз иштирок дар маблағгузории он худдорӣ карданд.
Пештар, Financial Times бо истинод ба номаи канслери Олмон Фридрих Мертс ба раиси Шӯрои Аврупо Антонио Коста, хабар дод, ки канслер таҳдид мекунад, ки агар ҳамаи кишварҳои узви ИА барои дастгирии молиявӣ ба Украина ӯҳдадор нашаванд, буҷаи нави ИА-ро барои солҳои 2028-2034 бозмедорад.