Шикоят аз порахӯрон дар Тоҷикистон онлайнӣ ҳам мумкин шуд: Чӣ гуна?

© Depositphotos / Bernad GavrilМужчина кладет конверт с деньгами в карман пиджака
Мужчина кладет конверт с деньгами в карман пиджака  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон платформаеро роҳандозӣ кардааст, ки робитаи мустақим миёни мақомот ва ҷомеаро дар бораи иттилоъ аз ҳолатҳои коррупсионӣ фароҳам меорад
ДУШАНБЕ, 12 ноябр — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон акнун метавонанд дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии коррупсия тавассути платформаи нави рақамӣ хабар диҳанд, бо номи худ ё беном.
Онҳо ин корро метавонанд бо ном ва ё бе ном тавассути портали Clean Portal анҷом диҳанд, ки он дар Форуми дуюми байналмилалии зиддикоррупсионии Душанбе муаррифӣ шуд
Тавре зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, Clean Portal ҳамчун низоми ягонаи рақамӣ барои пешниҳод, баррасӣ ва пайгирии муроҷиатҳо оид ба коррупсия кор мекунад.
Муроҷиаткунанда метавонад ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда замима кунад ва барои ҳар муроҷиат рақами махсус мегирад. Бо ин рақам ҳолати баррасиро санҷидан мумкин аст: қабул шуд, баррасӣ мешавад, ба мақомоти дигар ирсол гардид, анҷом ёфт ё рад шуд.
Корбарони бақайдгирифта утоқи шахсӣ доранд. Дар он таърихи муроҷиатҳо ва ҷавобҳои мақомот нигоҳ дошта мешавад. Агар маълумоти иловагӣ лозим ояд, мансабдор метавонад онро тавассути канали ҳифзшуда дархост кунад.
Тоҷикистон дар масъалаҳои мубориза бо коррупсия ҳамкорӣ бо кишварҳои узви ИДМ-ро муҳим донист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2026
Тоҷикистон дар масъалаҳои мубориза бо коррупсия ҳамкорӣ бо кишварҳои узви ИДМ-ро муҳим донист.
Таъкид мешавад, ки ҳатто муроҷиаткунандаи беном бо мақомот бе ошкор кардани шахсияти худ муколама карда метавонад.
Ба гуфтаи таҳиягарон, дар портал дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ маҳдуд аст ва махфият ҳифз мешавад.
Портал бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон таҳия шуда, ба самтҳои афзалиятноки тағйироти рақамии кишвар барои солҳои 2025–2030 дохил мешавад. Ҳамзамон бо оғози кори он маъракаи иттилоотӣ барои аҳолӣ гузаронида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0