Нафақаи рақамӣ: Тоҷикистон таҷрибаи Туркияро дар ин самт меомӯзад

© Depositphotos.com \ tuthelensДевушка с кредитной картой в руке перед ноутбуком
Девушка с кредитной картой в руке перед ноутбуком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон дар рақамикунонии низоми пардохти нафақа аз таҷрибаи Туркия кор гирифтанист
ДУШАНБЕ, 12 ноябр — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон дар Анқара масъалаи чӣ гуна ба таври рақамӣ таъин ва пардохт шудани ҳаққи бознишастагиро омӯхтанд.
Дар ин бора, маркази матбуоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Дар сафари омӯзишӣ ҳайати намояндагони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ширкат намуданд.
Дар рафти сафар, кормандони оҷонсӣ бо кори Муассисаи суғуртаи иҷтимоии Туркия (SGK) шинос шудаанд. Мутахассисони тоҷик, чӣ гуна таъин ва пардохти нафақаро ба таври рақамӣ омӯхта бо хизматрасониҳои электронӣ ва ҳисоби саҳми ҳар як шаҳрванд ба таври инфиродӣ ошно шуданд.
Дар вохӯриҳо рушди инфрасохтори рақамӣ, пайваст кардани пойгоҳҳои иттилоотӣ, устувории молиявии низоми нафақа муҳокима шуданд.
Барои кормандони соҳа омузиши таҷриба дар мавриди шаффофияти хизматрасонӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ муҳим будааст.
Ба гуфтаи Агентӣ, бо таҷрибаи омӯхташуда муайян карда мешавад, ки кадом шакли корбарии туркӣ дар шароити Тоҷикистон кор мекунад. Ҳадаф беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва пеш бурдани ислоҳоти соҳа аст.
Ёдовар мешавем, ки бар асоси омори расмии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Тоҷикистон, то 1 сентябри соли 2026 шумори бознишастагони сабтшуда дар кишвар ба 893 ҳазору 49 нафар расидааст.
Кишвари суннатгаро: Чаро Тоҷикистон ба боло бурдани синни нафақа ниёз надорад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2026
Кишвари суннатгаро: Чаро Тоҷикистон ба боло бурдани синни нафақа ниёз надорад.
Аз замони касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991, ки шумори бознишастагон 572 ҳазор нафар буд, теъдоди дарёфткунандагони ҳуқуқи бознишастагӣ 53 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бар асоси моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” аз соли 2010, бо ислоҳот ва илҳоқоти баъдӣ, ҳуқуқи бознишастагии суғуртаӣ бар асоси син барои мардон пас аз расидан ба 63-солагӣ ва барои занон пас аз расидан ба 58-солагӣ таъйин мешавад.
Ҳамзамон, тибқи илзомоти қонун, барои дарёфти ин навъи ҳуқуқи бознишастагӣ доштани собиқаи суғуртаии лозим, ки барои мардон дастикам 300 моҳ ва барои занон дастикам 240 моҳ аст, зарурӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0