Боевая работа системы дистанционного минирования Земледелие группировки войск Центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВАО: ИА пайвастани Украинаро ба иттиҳод дар солҳои оянда ғайривоқеӣ мешуморад

© Sputnik / СтрингерФлаг Украины и флаг с символикой Евросоюза у здания Европарламента в Страсбурге.
Флаг Украины и флаг с символикой Евросоюза у здания Европарламента в Страсбурге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2026
Обуна шудан
Рейтер: ИА интизор надорад, ки ин Украина дар чанд соли оянда ба он ҳамроҳ шавад
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Reuters бо истинод ба дипломатҳо ва мақомоти кишварҳои узви ИA хабар медиҳад, ки мақомоти ИA пайвастани Украинаро ба ин иттиҳод дар тӯли чанд сол минбаъда ғайривоқей мешуморад.
Дар авали мохи ноябр Комиссияи Аврупо гузоришеро нашр кард, ки дар он муайян карда шуд, ки Украина акси даҳ ислохоти афзалиятноки қаблан бо ИA дар соҳахои волоияти қонун ва мубориза бо фасод мувофиқашударо амалӣ накардааст ва қонунҳои заруриро барои нақша гирифтан иҷро накардааст.
Дар гузориши ин ниҳод гуфт мешавад: "Як дипломати баландпояи аврупоӣ... гуфт, ки пайвастани Украина ба ИА дар чанд соли оянда аз воқеият дур аст".
Тавре ки Рейтер қайд мекунад, беш аз даҳ дипломат ва мақомоти ИА, ки бо онҳо мусоҳибаҳои хусусӣ сурат гирифтанд, ба монеаҳои ҷиддӣ барои пайвастани Киев ба ин иттиҳод ишора карданд.
Ҷералд Кнаус, раиси Маркази таҳлилии ташаббуси устувории Аврупо, изҳор дошт, ки сиёсатмадорони аврупоӣ интизор надоранд, ки Украина дар давоми 10 сол ба ИА ҳамроҳ шавад.
Сотрудник протокола поправляет флаги ЕС и Украины во время саммита ЕС в Брюсселе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ИА тасмим гирифт, ки ҳузури низомии худро дар Украина густариш диҳад
Як дипломати ИА инчунин бовар дорад, ки соли оянда якчанд ҳукуматҳои ИА барои баргузории интихобот хеле банд хоҳанд буд, то зарурати густаришро баррасӣ кунанд.
Украина мақоми номзад барои узвият дар ИА-ро моҳи июни соли 2022 гирифт. Музокироти расмии узвият дар моҳи июни соли 2024 оғоз ёфт. Барои пайвастан, кишвар бояд ба талаботи ИА дар соҳаҳои қонунгузорӣ, низоми судӣ, мубориза бо фасод ва фаъолияти ниҳодҳои демократӣ ҷавобгӯ бошад ва инчунин розигии ҳамаи кишварҳои узвро ба даст орад.
Лентаи хабарҳо
0