Тоҷикистону Русия ояндаи НБО “Сангтӯда-1”-ро баррасӣ карданд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкСангтудинская ГЭС-1 в Таджикистане.
Сангтудинская ГЭС-1 в Таджикистане.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2026
Обуна шудан
Раҳбарияти ширкати "Интер РАО" - и Русия бо ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ҳамкории энержӣ, ҳамчунин фаъолияти минбаъдаи НБО "Сангтӯда -1"- ро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Маскав бо роҳбарияти ширкати "Интер РАО" дидору гуфтугӯ намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба фаъолияти Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1"-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Далер Ҷумъа ва раиси ширкат Сергей Дрегвал доир ба дурнамои рушди минбаъдаи соҳаи энергетика мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон, имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ баррасӣ гардид.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд ва таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика таъкид намуданд.
Далер Ҷумъа аз иншоотҳои иҷтимоии Роштқалъа боздид кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2026
Далер Ҷумъа аз иншоотҳои иҷтимоии Роштқалъа боздид кард.
Ёдовар мешавем, ки 31-уми июл аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" (бо иқтидори 670 мегаватт) 17 сол пур шуд.
Агрегати якуми неругоҳ 20-уми январи соли 2008, се моҳ пештар аз муҳлати пешбинишуда, ба кор дароварда шуд. Агрегати дуюм 1-уми июли соли 2008 ва агрегати сеюм 5-уми ноябри ҳамон сол ба истифода дода шуданд.
Айни замон, НБО "Сангтӯда-1", дар маҷмуъ 11-12 фоизи ҳаҷми солонаи неруи барқи дар кишвар истеҳсолшавандаро таъмин менамояд.
Иқтидори нерӯгоҳ 670 МВт (чор агрегати гидроэнергетикӣ бо иқтидори 167,5 МВт ҳар кадом) мебошад.
Саҳми ҷониби Русия дар сармояи оинномавӣ 75% тарҳи 1 саҳмия ва саҳми ҷониби Тоҷикистон 25% ва 1 саҳмия аст.
Лентаи хабарҳо
0